Имзои як қатор қонунҳо аз ҷониби Пешвои миллат

№62 (3856) 19.05.2018

17 майи соли 2018 аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қонунҳое, ки Маҷлиси намояндагон қабул ва Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ намуданд, ба имзо расонида шуданд.

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ», «Дар бораи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ», «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ», «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ» аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» дар таҳрири нав қабул гардида, асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳаракат дар роҳҳоро муайян намуда, идоракуниии давлатии ҳаракат дар роҳ ва ҳуқуқу уҳдадориҳои иштирокчиёни ҳаракат дар роҳро танзим намуда, таснифи роҳҳои автомобилгард ва воситаҳои нақлиётро муқаррар менамояд. Ҳамчунин, дар он ба чорабиниҳои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва таъминоти тиббии бехатарии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ диққати махсус дода мешавад.

Мувофиқи тағйироти ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда ҷавобгарӣ барои ташкил ва иштирок дар пойгаҳои ғайрирасмӣ пешбинӣ карда мешавад. Минбаъд нисбат ба шахсоне, ки пойгаҳои ғайрирасмиро ташкил мекунанд ё дар ин пойгаҳо воситаҳои нақлиётро идора мекунанд ва ё воситаҳои нақлиёташонро ба дигар шахсон барои иштирок дар пойгаи ғайрирасмӣ медиҳанд, ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо (яъне аз дувоздаҳ ҳазору панҷсад то понздаҳ ҳазор сомонӣ) ҷарима таъин карда мешавад. Ба илова, чунин шахсон аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати ду сол маҳрум карда мешаванд. Агар шахс ин кирдорро такроран содир намояд, андозаи ҷарима чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бист ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Мувофиқи тағйироти дигари ба Кодекс воридшуда барои ҳуқуқвайронкуниҳо дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ гардидааст.

Тағйироти ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» воридшуда аз мансаб озод намудани кормандони ин мақомотро барои вайрон кардани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим пешбинӣ менамоянд.

Мувофиқи тағйири ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» воридшуда қисми 6 моддаи 10, ки ҳиссаҷудокуниро барои муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ пешбинӣ мекард, хориҷ карда шуд. Дар натиҷа, имконияти ба ин муассисаҳои таълимӣ дохил шудани ятимону бепарасторон ва маъюбон бештар гардид.

Матни пурраи қонунҳои қабулгардида рӯзҳои наздик дар матбуоти расмии кишвар интишор карда мешавад.

 www.president.tj