Иштирок дар ҷаласаи навбатии СҲШ ва натиҷаҳои ҳамоиш

№94 (3395) 13.07.2015

19594335375_1ab5ef7ab0_oДаҳуми июли соли 2015  дар шаҳри Уфа — пойтахти Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Россия ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор гардид.

Барои иштирок дар он сарони ҳамаи давлатҳои аъзо, нозир, шарикони муколама, давлатҳои даъватшуда ва намояндагони созмонҳои зиёди байналмилалию минтақавӣ ба ҳам омаданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарони ҳамаи давлатҳо ва ҳайатҳои воломақомро Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин истиқбол гирифт.

Пас аз аксгирии муштарак нахуст ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай ҷараён гирифт, ки дар он роҳбарони аввали Россия, Хитой, Тоҷикистон, Қазоқистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон иштирок доштанд.

Дар ҷаласаи васеъ бошад, ҳамчунин сарони панҷ давлати нозир — Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон, Эрон, Муғулистон ва намояндагони воломақоми як зумра созмонҳои байналмилалию минтақавӣ низ ҳамроҳ шуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай нахуст ба ҷониби Федератсияи Россия ва Владимир Путин барои созмондиҳии шоистаи ин ҳамоиш ва меҳмоннавозӣ арзи қадрдонӣ намуд.

Бо таваҷҷуҳ ба он ки ин ҳамоиш дар соли таҷлили 70-солагии Ғалаба бар фашизми Германия ҷараён дорад, Сарвари давлати Тоҷикистон таъкид намуд: «Қаҳрамонии онҳое, ки барои Ғалабаи Бузург ҷони худро нисор намудаанд, моро ба ҳушёрию зиракӣ ва таҳкими ягонагӣ барои ҳифзи сулҳу осоиш ва  таъмини рушди устувор водор месозад. Танҳо бо хулосабарорӣ аз сабақҳои гузашта мо метавонем ояндаи худро ба таври самарабахш бунёд намоем».

Ҳамчунин таъкид гардид: «Сулҳ бебаҳо аст. Вазифаи умумии мо эҳтиёт кардан, нигоҳ доштан ва ҳифз намудани сулҳу субот дар минтақаи масъулияти СҲШ ва афзун гардондани саҳми худ дар таъмини осоиш дар сайёра аст».

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин як зумра пешниҳодҳои мушаххас ба миён гузошт, ки мавриди дастгирӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла таъкид гардид, ки «кор бо ҷавонон ва ба манфиати ҷавонон бояд яке аз афзалиятҳои муҳими СҲШ гардад» ва пешниҳод карда шуд, ки «яке аз солҳои оянда «Соли ҷавонон» эълон шавад.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарори омодагиро дар бораи саҳмгузорӣ дар ташаккули «минтақаи иқтисодӣ»-и Шоҳроҳи бузурги абрешим пуштибонӣ намуда, аз ҷумла тазаккур дод, ки «мо дар он имконоти зиёди густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ дар доираи СҲШ-ро мебинем» ва афзуд, ки «дар раванди рушди навовариҳо робитаҳои минтақавӣ ва соҳибкории хурду миёна метавонанд нақши қатораи рушди инноватсиониро иҷро намоянд».

Эмомалӣ Раҳмон ба кишварҳои аъзои СҲШ барои дастгирӣ аз номзадии намояндаи Тоҷикистон — Рашид Олимов ба мақоми Котиби генералии ин Созмони бонуфуз изҳори қадрдонӣ карда, ба раёсати Федератсияи Россия дар Созмон баҳои баланд дод ва ҳам боварӣ  изҳор намуд, ки раёсати Ӯзбекистон низ давоми як соли оянда муваффақу самарабахш хоҳад буд.

Пас аз анҷоми суханрониҳо аз ҷониби сарони давлатҳои аъзо як зумра санадҳо ба имзо расиданд, ки муҳимтарини онҳо Қарор дар бораи роҳи қабули Ҳиндустону Покистон ба узвияти Созмони Ҳамкории Шанхай буд.

Тавре зикр гардид, аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳам барои қабул шудан ба узвияти ин Созмон муроҷиати расмӣ ворид шудааст. Ғайр аз ин, аз як қатор давлатҳои дигар, аз ҷумла Арманистон, Озарбойҷон, Бангладеш, Беларус, Шри-Ланка, Сурия, Украина, Ҷумҳурии Малдив, Камбоҷа ва Миср дархост барои дарёфти  мақоми нозир ва ё шарики муколама дар Созмони Ҳамкории Шанхай пешниҳод гардидааст.

Натиҷаҳои асосии дигар аз ин ҳамоиш тасдиқ шудани «Стратегияи рушди Созмони Ҳамкории Шанхай то соли 2025», Эъломияи Уфа, Созишномаи ҳамкорӣ ва ҳамгироӣ дар масъалаҳои сарҳадӣ ва «Барномаи ҳамкории давлатҳои аъзои СҲШ дар мубориза бо терроризм ва ифротгаройию ҷудоихоҳӣ барои солҳои 2016-2018» буд.

www.president.tj