Иштирок дар Ҳамоиши муштараки ғайринавбатии арабию исломӣ дар шаҳри Риёз

№ 12.11.2024

54132107041_7b5f514b3b_b11 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҳамоиши муштараки ғайринавбатии арабию исломӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба ҷониби  Арабистони Саудӣ барои ҳусни пазироӣ ва сатҳи баланди барпо кардани ин ҳамоиш изҳори сипос карданд.

Сарвари давлати мо баргузории онро барои баррасии вазъ дар Фаластин ва Лубнон иқдоми саривақтӣ ва муҳим шумурданд.

“Шиддат гирифтани задухурдҳои мусаллаҳона ва тамоюли тавсеаи майдони онҳо, инчунин печидатар шудани буҳрони башарӣ дар ин минтақа боиси нигаронии амиқи мо гардидааст”-изҳор доштанд Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Таъкид гардид, ки бо гузашти зиёда аз як сол аз оғози задухурдҳои мусаллаҳона дар минтақаи Ғаззаи Фаластин ҳама гуна талошҳо дар роҳи эҷоди мусолиҳа миёни ҷонибҳои даргир бенатиҷа боқӣ мондаанд.

Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки “мо бори дигар аз тарафҳои даргир даъват менамоем, ки ҳамаи ихтилофотро танҳо аз роҳҳои гуфтушунид ва тавассути абзорҳои дипломатӣ бо истинод ба усулу меъёрҳои эътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ, бахусус Оинномаи Созмони Милал ҳал намоянд”.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тақвияти нақши ҳамоҳангсози Созмони Милали Муттаҳид ва ҳар гуна талошҳои дигари созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Ҳамкории Исломӣ барои ба эътидол овардани вазъ дар минтақа ҷонибдорӣ намуданд.

Дар ин зимн аз ҳамаи кишварҳои минтақа ва ҷаҳон даъват карда шуд, ки бо мақсади пешгирӣ аз як ҷанги доманадор дар минтақаи Ховари Миёна дар рӯҳияи ҳамбастагӣ ва ҳусни эътимоду созандагӣ иқдомҳои бештар муассир андешанд.

Гуфта шуд, ки ҳалли воқеии қазияи Фаластин ва таъмини сулҳи одилонаву пойдор дар минтақа танҳо тавассути иҷрои қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ташкили Давлати мустақилу соҳибихтиёри Фаластин имконпазир мебошад.

“Тоҷикистон аз таъсиси Давлати Фаластин бо пойтахти он дар Байтулмуқаддаси Шарқӣ дар марзҳои соли 1967 ҷонибдорӣ мекунад”-иброз доштанд Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Ба андешаи Президенти кишвари мо, ин роҳест, ки тавассути он мардуми Фаластин метавонанд ҳаққи аслии миллии худро ҳамчун субъекти мустақили ҷомеаи ҷаҳонӣ дар асоси усулҳои эътирофшудаи муносибатҳои байнидавлатӣ амалӣ намоянд.

Дар ин замина, дастгирӣ аз саъю кӯшишҳои минбаъда барои аз нав оғоз кардани раванди муколамаи бисёрҷонибаи сиёсӣ барои ноил шудан ба ҳалли қазия муҳим арзёбӣ гардид.

Зарур шумурда шуд, ки дар марҳалаи кунунӣ кишварҳои аъзои Созмон дар асоси нақшаи мақсадноки башардӯстона барои расонидани кумакҳои лозима ва таъхирнопазир ба мардуми Фаластин тадбирҳои муассир андешанд.

Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Тоҷикистон ба қадри имкон дар ин кор саҳм гирифтааст ва дар оянда низ ҳисса хоҳад гузошт.

Президенти кишвари мо бори дигар аз пешниҳоди Тоҷикистон дар ҷаласаи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба қабули қатъномаи махсус дар бораи эълон кардани “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда”, ки дорои ҳадафи сулҳофарӣ ва ҳалли мусолиматомези низоъҳо дар ҷаҳон мебошад, ёдовар шуданд.

Дар фароварди сухан Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори бовар намуданд, ки натиҷаҳои ҳамоиши имрӯза ба раванди мусбати ҳалли қазияи Фаластин мусоидат хоҳад кард.