Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон 26 майи соли 2014 дар майдони Дӯстии пойтахт мардуми Тоҷикистонро бо солгарди 20-уми таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии ҷумҳурӣ табрик гуфта, гузашти низомии ба ин муносибат оросташударо назорат намуд.
Гузашти ботантанаи низомии бахшида ба 20-солагии таъсиси Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон бо гузориши сардори гарнизони ҳарбии Душанбе генерал-майор Бахтиёр Рӯзмоншоев ба Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ оид ба омодагии ҷузъу томҳо оғоз ёфт.
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ бо арзи салом ба афсарону сарбозони сафкашида онҳоро бо фарорасии 20-солагии таъсиси Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, дар навбати худ аз омодагии ҷузъу томҳо ба гузашти низомӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон гузориш дод.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии табрикӣ, аз ҷумла зикр намуд, ки Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон дар шароити басо сангини солҳои аввали Истиқлолияти давлатии кишвар дар ҷойи холӣ, бе заминаи моддию техникӣ таъсис ёфта, бо гузашти 20 сол дар натиҷаи ҷаҳду талоши шаборӯзӣ ба як неруи муқтадири муҳофизи марзу буми Ватани азизи мо табдил ёфтанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон дар муроҷиат ба марзбонони шуҷои Ватан таъкид дошт, ки мо ҳифзи марзи тӯлонии Тоҷикистонро бар дӯши шумо вогузор карда, бовар дорем, ки аз уҳдаи иҷрои ин вазифаи мушкил, вале басо пурифтихор сарбаландона мебароед.
Дар расми гузашти низомӣ, ки бо амри сардори гарнизони ҳарбии Душанбе оғоз ёфт, беш аз 10 ҳазор афсарону сарбозони шуҷои Ватан иштирок намуда, аз худ маҳорати баланди касбӣ ва муҳаббату самимияти баланд ба Тоҷикистони азиз нишон доданд. Тавре аён гардид, имрӯз Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон дорои ҷузъу томҳои мукаммали таълимдидаю озмуда ва бо техникаю таҷҳизот ва аслиҳаю лавозимоти махсуси ҳарбӣ таъмингардида мебошанд.
Иштироки беш аз 600 нафар бонувон дар расми гузашти низомӣ, ки дар баробари ҷавонмардон сарбаландона адои хизмати ҳарбӣ мекунанд, мавриди таваҷҷуҳи хос ва арҷгузорӣ қарор гирифт.
Зиёда аз 100 адад техникаи зиреҳпӯш ва мошинҳои ба таври махсус муҷаҳҳаз, ҷузъу томҳои аспсавор ва сагҳои хизматӣ, ки дар амалӣ намудани фаъолияти назоратии марзбонон нақши муҳим доранд, низ дар гузашти низомӣ иштирок намуданд.
www.president.tj