Субҳи рӯзи 3 сентябри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар гузашти низомӣ ба муносибати 70 — солагии анҷоми Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, ки дар маркази шаҳри Пекин доир гардид, иштирок кард.
Дар макони асосии баргузории чорабинии идона — майдони Тянанмэн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарони дигар кишварҳоро Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпин истиқбол гирифт.Дар ин чорабинӣ сарони беш аз 25 давлат ва роҳбарону намояндагони воломақом аз созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ иштирок доштанд.
Пеш аз оғози чорабинӣ маросими аксбардорӣ доир шуд. Пас аз аксбардорӣ Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарони дигар давлатҳоро барои тамошои паради ҳарбӣ ба минбари ҳукуматӣ дар майдони Тянанмэн даъват намуд.
Дар оғоз Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпин суханронӣ карда, ҳозирин ва тамоми мардуми Хитойро ба муносибати 70-солагии анҷоми Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ табрик намуд.
Дар гузашти низомӣ ҷузъу томҳои ҳафт округи ҳарбӣ, флоти ҳарбии баҳрӣ, неруҳои ҳарбӣ — ҳавоӣ, политсияи мардумӣ ва аввалин маротиба собиқадорони артиши дуюми хушкигард, ки дар ҷанг иштирок кардаанд, ширкат варзиданд.
Дар паради ҳарбӣ ҳамчунин нахустин маротиба ҷузъу томҳои ҳарбии Тоҷикистон, Федератсияи Россия, Муғулистон, Қазоқистон ва Қирғизистон иштирок карданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин чорабинии тантанавӣ як ҷузъи полки комендантии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии полковник Илҳом Махсумов намояндагӣ карда, бо қадамзании зебои мутантан аз назди минбари ифтихорӣ гузаштанд.
Таърих гувоҳ аст, ки барои ба даст овардани ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ҷавонмардони тоҷик ҳам корнамоиҳои зиёд нишон додаанд. Бинобар ин, бо нишони ҳамдилӣ низомиёни тоҷик дар қатори намояндагони Хитой ва дигар кишварҳо дар паради ҳарбӣ фаъолона иштирок карданд.
www.president.tj