Иштирок дар ифтитоҳи Фестивал — симпозиуми байналмилалии Шашмақом

№57 (3042) 14.05.2013


1
10 майи соли 2013 дар шаҳри Душанбе бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи Рӯзи Шашмақом Фестивал — симпозиуми байналмилалии Шашмақом ба кори худ оғоз намуд.

Таҷлили имсолаи Рӯзи Шашмақом дар толори калони Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо баргузории консерти бошукӯҳи устодон ва ҷавонони шашмақомхон оғоз ёфт. Ташрифи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ин чорабинии ҳунарӣ шукӯҳу ҷалоли хоса зам намуда, аз муҳаббату алоқамандии ӯ ба фарҳанги пурғановати миллиамон башорат медиҳад.

Бояд ёдовар шуд, ки 12-уми майи соли 2000 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар бораи рушди минбаъдаи санъати Шашмақом ва ба ансамбли Шашмақоми ба номи Фазлиддин Шаҳобови Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон додани мақоми давлатӣ фармон содир намуд. Аз он вақт ҳар сол дар ин рӯзҳои рӯҳафзои баҳорӣ Рӯзи Шашмақом бо барномаҳои рангини устодону ҳаваскорони ин санъати волои бостонӣ таҷлил мегардад.

Чанде баъд Шашмақом аз ҷониби созмони байналмилалии ЮНЕСКО ба феҳристи шоҳкориҳои шифоҳӣ ва ғайримоддии мероси ҷаҳонӣ ҳамроҳ карда шуд.

7.Дар солҳои Истиқлоли давлатии Тоҷикистон Шашмақом чун шоҳкории безаволи савту каломи миллии тоҷик умри дубора ва рушду такомули бесобиқа пайдо кард. Ин аст, ки имрӯз ба сафи устодони пуртаҷрибаи ин жанри классикӣ ҷавонони зиёди соҳибистеъдод ворид шуда, завқу салиқаи баланд нишон медиҳанд ва бо ин собит менамоянд, ки минбаъд низ ин санъати волои ниёгони шарафманди мо рушду такомул хоҳад ёфт.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар фароварди барномаи консертӣ ифтитоҳи Фестивал — симпозиуми байналмилалии Шашмақомро ба аҳли фарҳанги кишвар табрик гуфта, ба ҳунари волои таҳиягарон ва иҷрокунандагони ин барномаи рангин баҳои баланд дод.

www.prezident.tj