Иштирок дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

№102 (3248) 01.09.2014

омузгори

Якуми сентябри соли 2014 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ташриф оварда, бинои нави панҷошёнаи онро ифтитоҳ намуд ва дар тантанаҳои Рӯзи дониш ва дарси сулҳ ширкат варзида, бо намояндагони сершумори соҳаҳои илму маорифи ҷумҳурӣ мулоқоти судманд анҷом дод.

Дар ҷараёни шиносоӣ бо шароити таълимии дар бинои нав муҳайёгардида, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки он аз панҷ ошёна ва таҳхонаи босамар истифодашаванда иборат буда, бо харҷи қариб 14 миллион сомонӣ сохта ва ҷиҳозонида шудааст. Бинои нави донишгоҳи мазкур барои факултетҳои технология, романӣ- олмонӣ ва англисӣ пешбинӣ шудааст. Тавре иттилоъ доданд, пештар дар ин донишгоҳ танҳо як факултети забонҳои хориҷӣ мавҷуд буд. Ҳоло бошад, барои ин ҳадаф ду факултет таъсис дода шуда, дар факултети англисӣ ҳамзамон шуъбаҳои англисию  хитойӣ ва англисию кореягӣ низ кушодаанд. Чунонки аён гардид, донишгоҳ ба шарофати Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо тамоми кишварҳои чор сӯйи олам робитаҳои судбахши ҳамкориро ба роҳ мондааст ва насли навраси кишвар аз имконот пурсамар истифода бурда, ба омӯзиши забонҳои халқҳои гуногуни ҷаҳон камар бастаанд.

Дар факултети технология барои омӯзиши ҳунарҳои зебои мардумӣ ва ташкили дурусти дарсҳои он шароити бисёр хуб, аз ҷумла барои омодасозии рассомону тарроҳони либос ва мутахассисони гулдӯзию зардӯзӣ, муҳайё гардидааст.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон вазъи кунунии соҳаҳои илму маорифи кишвар ва нақшаҳои ояндаи Ҳукумати ҷумҳуриро дар ин самти фаъолият таҳлилу баррасӣ карда, таълиму тарбияи дуруст ва ҳадафноки насли наврасро аз ҳадафҳои муҳимтарини сиёсати иҷтимоии давлат номид ва талаб намуд, ки барои шарафманд шудан ба ин ҳадафи воло аз тамоми имкону захираҳои мавҷуда ва муҳайёшаванда самарбахш истифода баранд.

Мулоқоти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони сершумори соҳаҳои илму маорифи ҷумҳурӣ бо маҳфили пурсишу посух ва баррасии таклифу пешниҳодҳои бамиёнгузошташуда идома ёфт.

www.president.tj