Бисту ҳафтуми июни соли 2013 дар шаҳри Душанбе бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи Рӯзи Ваҳдати миллии Тоҷикистон тӯйи хайрияи 64 ҷуфти ҷавон, ки ятимону бепарасторон ва аз оилаҳои камбизоат мебошанд, дастаҷамъона баргузор гардид.
Хотиррасон бояд намуд, ки солҳои охир бо ибтикори саховатмандонаю ҷавонмардонаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври дастаҷамъона ва хайрия баргузор намудани хатнасур ва тӯйҳои арусии кӯдакону ҷавонони ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоат ба ҳукми анъана даромадааст.
Хусусан пас аз даъвати навбатии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз мардуми сарватманду саховатпеша, ки дар Паёми имсолаи ӯ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дода буд, чунин чорабиниҳои дастаҷамъона афзун гардид. Чорабинии имрӯза низ дар пайравӣ ва дастгирии ҳамин даъватҳои пайвастаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии аҳолии табақаҳои ниёзманди пойтахт, пеш аз ҳама ҷавононе, ки аз падару модар ятим мондаанд, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба роҳ монда шуд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба ин рӯзи саиду муборак ва муқаддас, яъне рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, рост омадани маросими оиладоршавии ин ҷавонони хуштолеъро барояшон фоли нек номида, таманно намуд, ки «фазои орому осуда, созандаю созгор ва муҳаббату самимияти оилавӣ ҳамеша дар хонадони онҳо муҳайёву пойдор бошад».
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ҳамчунин ба барпо намудани оилаҳои солиму хушбахт, тифоқу устувор ва дар оянда ба таълиму тарбияи дурусти фарзандони номбардори давлату миллат ҳидоят намуд.
Сипас, маросими оиладоршавии 64 ҷуфти ҷавон, ки ба истиқболи солгарди шонздаҳуми Рӯзи Ваҳдати миллии Тоҷикистон 16 ҷуфтӣ аз чор ноҳияи пойтахт мебошанд, бо базму тараби идона ва дилхушии дастаҷамъона идома ёфт.
Ҳар як ҷуфти ҷавон аз кӯмакҳои моддӣ ва туҳфаҳои хотиравии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бархӯрдор гардиданд, ки барои оғози зиндагии хушбахти оилавӣ дастгирии арзишманд аст.
Ҷавонони хуштолеи навхонадор ва ҳам бисёр ҷавонону наврасони дигар, ки дар ин маросим иштирок доштанд, бо истифода аз фурсати ғанимат бо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аксҳои хотиравӣ гирифтанд.
www.prezident.tj