Боздиди Пешвои миллат аз Бригадаи 7-уми ҳамлаовари десантии Қӯшунҳои зудамал

№96 (4516) 02.08.2022

52256813682_b13f3d14de_oДуюми августи соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар таҷлили 25-умин солгарди Рӯзи десантчиёни тоҷик ва бо мақсади шиносоӣ аз вазъи будубоши ҳайати шахсии Бригадаи 7-уми ҳамлаовари десантӣ ба машқгоҳи ҳарбии «Фахробод» дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмонро дар машқгоҳи ҳарбии «Фахробод» вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал — полковник Шералӣ Мирзо истиқбол гирифт.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо намунаи як қатор техникаҳои вазнини муосири ҳарбӣ, силоҳу муҳимоти ҳозиразамони ҷангӣ ва аз бинову иншооти ёрирасони ҳайати шахсии ин ҷузъи низомӣ шинос гардиданд.

Афсарону мутахассисони варзидаи низомӣ ба Президенти мамлакат доир ба хислатномаи тактикиву техникии мошинҳои ҷангии «Ураган», артиллерияҳои худгард, техникаҳои махсуси муҳандисӣ, таҷҳизоти гуногуни минаҷӯӣ, минамёт ё тӯпҳои қутрашон гуногун, системаи вазнини оташандозии «ТОС-1А», автомашинаҳои махсуси сайёр, ки бо техникаву технологияҳои муосири ҳарбӣ муҷаҳҳаз шудаанду дар ҳолати ҷанг ва ё вазъияти фавқулода ба таври фаврӣ метавонанд, ба мавзеъ ва минтақаҳои муайяншуда интиқол ёфта, рафти амалиёти ҷангиро идора намоянд, инчунин оид ба мошинҳои гуногуни боркашу нақлиётӣ, мошинҳои махсуси зиреҳдори замонавӣ, силоҳу муҳимоти ҳозиразамони ҳарбӣ, норинҷаки дастӣ, аслиҳаи гуногуни сабуки ҷангӣ ва воситаҳои махсуси ашковару беҳушкунанда, ки дар Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат истифода мешаванд, маълумот доданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таҳдиди хатарҳои ҷаҳони муосир, ҷиҳати самаранок истифода бурдану дар ҳолати хуби омодагии ҷангӣ нигоҳ доштани қувваю воситаҳои махсуси низомӣ, силоҳу муҳимоти ҷангӣ, мутахассисони варзидаи низомӣ ва сайқал додани таҷрибаи доимии афсарону сарбозон ба ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои қудратии мамлакат супоришҳои мушаххас доданд.

Дар ҳамон ҷо Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон нонпазхона ва ошхонаи саҳроиро, ки дар гӯшаи дигари машқгоҳи ҳарбии «Фахробод» ба таври намунавӣ ташкил гардид, аз назар гузаронданд.

Ба ғайр аз нонпазхона, инчунин ошхонаи саҳроӣ, ҳаммоми сарбозӣ, мавзеъҳои махсус ва муҷаҳҳаз бо дастгоҳу таҷҳизоти ҷомашӯӣ, тамиз кардани сарулибос ва ҷиҳози хоби ҳайати шахсӣ низ ташкил гардид. Дар ҳамон ҷо автомашинаи махсуси нуқтаи идоракунии ақибгоҳӣ низ муаррифӣ шуд.

Мавриди зикр аст, ки соли 2018 ба муносибати таҷлил аз 25-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дастгирии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон машқгоҳи низомии «Фахробод», бинои муҷаҳҳази нави таълимии ҳарбӣ мавриди истифода қарор гирифт. Он аз иншооти гуногуни ёрирасон иборат буда, бо харҷи беш аз 11 миллион сомонӣ сохта шудааст.

Бинои дуошёна дар масоҳати 1260 метри мураббаъ бунёд гардида, барои 300 нафар ҳайати шахсӣ пешбинӣ шудааст ва дар дохили иншоот ҳама шароити муосири таълимӣ ва ҳам хизмативу маишӣ фароҳам мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон баъд аз шиносоӣ бо намунаи як қатор техникаҳои вазнини муосири ҳарбӣ, силоҳу муҳимоти ҳозиразамони ҷангӣ ва чанд бинову иншооти ёрирасони ҳайати шахсӣ ба маркази баргузории чорабинӣ, ки машқҳои махсуси тактикӣ ва гузаш­ти низомӣ пешбинӣ гардид, ташриф оварданд.

Ба Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон командири Бригадаи 7-уми ҳамлаовари десантӣ полковник Абдулмумин Асозода, ки роҳбарии машқҳои махсуси тактикиро бар уҳда дошт, доир ба ташкилу баргузории чанд унсури зиддитеррористӣ гузориш дод.

52256812942_c501c7913e_5kБояд гуфт, ки дар машқҳои махсуси тактикӣ, техникаҳои вазнини зиреҳпӯши ҳарбиву нақлиётӣ, мошинҳои махсуси муосири зиреҳдор, чархболҳои «МИ-8», «МИ-24», ҳавопаймоҳои ҷангиву таълимии «Л-39», «АН-2», силоҳу муҳимоти муосири низомӣ ва дигар аслиҳаи ҳозиразамони оташфишон истифода шуд.

Дар машқҳои махсуси тактикӣ, тарзи ташкил ва тарҳрезӣ намудани амалиёти десантчиён, бурдани разведкаи заминиву фазоӣ, интиқоли қувва ва воситаҳои гурӯҳҳои баталёнӣ-тактикии Бригадаи 7-уми ҳамлаовари десантӣ ба минтақаи иҷрои вазифаҳои ҷангӣ, бо тактикаву усулҳои хос тасарруф ва нобудсозии пойгоҳи террористӣ, тавассути чархболу ҳавопаймо дар баландиҳои гуногун ва талу теппаҳои ноҳамвор бо усули ҷаҳидану тариқи парашютҳо аз ақибгоҳи душман фуруд овардани десанти фазои тактикӣ, ҳангоми муқовимати мусаллаҳона таъмини ҳайати шахсӣ бо воситаҳои моддиву техникӣ, пурра торумор намудани гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ ва дигар унсурҳои зиддитеррористиро амалан иҷро намуданд.

Зимни анҷоми машқҳои махсуси тактикӣ, инчунин дар назди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар иштирокчиёни чорабинии ҷашнӣ, омодагии десантчиён дар задухӯрдҳои тан ба тан низ бо усулҳои шарқӣ намоиш дода шуд. Ин таҷриба имкон медиҳад, ки бо теъдоди ками ҷузъу томҳо гурӯҳҳои зиёди душманро дастгиру безарар намуд.

Қобили зикр аст, ки Бригадаи 7-уми ҳамлаовари десантии Қӯшунҳои зудамал яке аз неруҳои эҳтиётии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб рафта, он дар арсаи байналмилаливу минтақавӣ як қатор уҳдадориҳои муҳимро доро мебошад. Аз ҷумла, се баталёни десантӣ аз ин навъи Қувваҳои Мусаллаҳ ба ҳайати неруҳои зудамали минтақаи Осиёи Марказӣ ва Бригадаи 7-уми ҳамлаовари десантии он бошад, пурра ба ҳайати Қувваҳои муштараки вокуниши фаврии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ шомиланд.

Дар 25 соли мавҷудият десантчиёни тоҷик дар ҳамоҳангӣ бо дигар воҳидҳои таъиноти махсуси сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат борҳо дар амалиёти гуногуни ҷангӣ фаъолона иштирок карда, вазифаҳои дар назди онҳо гузошташударо сарбаландона иҷро намудаанд.

Дар баробари дигар ҷузъу томҳои Бригадаи 7-уми ҳамлаовари десантӣ, як ҷузъи ин баталён омодагии махсуси фуруд омаданро бо парашютҳои варзишӣ гузаштанд, ки маҳорати онҳо дар иди касбии десантчиён намоиш дода шуд.

Десантчиёни тоҷик ва парашютчиёни Ташкилоти ҷамъиятии «Мададгори мудофиа»-и мамлакат аз ҳавопаймо ва тавассути парашютҳои варзишӣ бо Парчами давлатӣ, байрақи ҷангӣ ва байрақи хоси десантчиён аз баландии 1200 метр ба замин ва ба маркази майдони чорабинӣ фуруд омаданд.

Пас аз анҷоми машқҳои махсуси тактикӣ ва дигар бахшҳои ин чорабинӣ ҳайати шахсии ҷузъу томҳои Бригадаи 7-уми ҳамлаовари десантии Қӯшунҳои зудамал дар маркази майдони машқгоҳи ҳарбӣ саф оростанд.

Баъд аз садо додани Суруди Миллӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди ҳайати шахсӣ суханронӣ намуданд.

Сипас, бо амри командири Бригадаи 7-уми ҳамлаовари десантӣ ва таҳти созу навои оркестри ҳарбии нафасӣ гузашти низомии ҷузъу томҳо оғоз гардид.

www.president.tj