Иштирок ва суханронӣ дар Ҳамоиши сеюми “Садои ҷаҳони Ҷануб”

№101 (4841) 19.08.2024

53928516665_37fe7a7894_o17 августи соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши сеюми “Садои ҷаҳони Ҷануб”, ки ба таври маҷозӣ таҳти раисии Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҳамоиши сеюми “Садои ҷаҳони Ҷануб”, ки дар мавзӯи “Тақвияти ҷаҳони Ҷануб барои ояндаи устувор” доир шуд, роҳбарон ва намояндагони зиёда аз 100 кишвари ҷаҳон иштирок доштанд.

Дар ҳамоиш масъалаҳои тағйирёбии иқлим, афзоиши аҳолӣ, норасоии ғизо, қарзҳои молиявӣ, нобаробарӣ ва муноқишаҳо, ки ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ бевосита таъсир мерасонанд, муҳокима гардида, дар бораи мушкилот, афзалиятҳо ва роҳҳои ҳалли онҳо дар Ҷаҳони Ҷануб, бахусус барои таъмини рушди устувор пешниҳодҳо ба миён гузошта шуданд.

Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ин ҳамоишро заминаи мусоид барои муҳокимаи созандаи ҷанбаҳои гуногуни раванди рушди устувор ва дигар масъалаҳои мубрами ҷаҳони муосир дониста, кишварҳои Ҷанубро ҷиҳати муқовимат ба хавфу таҳдидҳои номбурда, мутобиқшавӣ ба онҳо ва мудирияти устувори захираҳои табиӣ ба амалҳои муштараки фаврӣ ва тадбирҳои дигари зарурӣ даъват намуданд.

www.president.tj