Иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё

№120 (3266) 14.10.2014

снг

Нимаи дуюми рӯзи 10 октябри соли 2014 дар шаҳри Минск ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё баргузор гардид.

Ҷаласаи мазкур бо аксбардории умумии сарони давлатҳои иштирокдори ин созмон оғоз ёфт.

Дар ҷаласа ҳисобот дар бораи иҷрои буҷети Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё барои соли 2013, ворид намудани тағйирот ба буҷети он дар соли 2014 ва масоили вобаста ба барҳам додани Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва ҳамкории иқтисодии кишварҳои пасошӯравӣ дар заминаи дигар созмонҳои ин қаламрав баррасӣ шуд.

Тавре зикр гардид, бо вуҷуди барҳам хӯрдани ин созмон котиботи он то оғози соли оянда ва ба фаъолият шурӯъ намудани созмони иқтисодии нав, ки ба он ҳоло танҳо Федератсияи Россия ва ҷумҳуриҳои Беларусу Қазоқистон шомил шудаанд, кори худро идома хоҳад дод.

www.president.tj