Иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

№142 (3127) 09.11.2013

1

Шашуми ноябри  соли 2013 Президенти амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзад ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи шаҳрвандии худ дар маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуда, ба номзади дилхоҳи худ овоз дод.

Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ ба участкаи интихоботии №15-и ҳавзаи интихоботии Исмоили Сомонӣ-2, ки дар маҳалли зисташон қарор дорад, ташриф овард.

Иштирок ва овоздиҳии Президенти амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳузури шумораи зиёди нозирон аз созмонҳои гуногуни байналмилалию минтақавӣ ҷараён гирифт.

Тавре мушоҳида гардид, мардум дар ин участкаи интихоботӣ низ чун ҳамаи участкаҳои дигар дар тамоми қаламрави кишвар хеле фаъол буданд. Хотиррасон бояд намуд, ки имрӯз ҳамзамон рӯзи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Ин ҷашн ба баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки маъракаи басо муҳими сиёсӣ аст, фазои гуворои идона зам намуд.

www.president.tj