Иштироки Пешвои миллат дар Ҷаласаи комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода

№14 (3651) 11.02.2017

32435831770_76620a98cc_o10 феврали соли 2017 таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода баргузор гардид, ки дар он аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарияти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор, раисони вилоятҳо ва як қатор шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Раиси Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон аз афзоиши ҳодисаҳои табиӣ дар давоми панҷ соли охир, ки талафоти ҷонӣ ва хисороти зиёди иқтисодӣ дар пай гузоштаанд, изҳори таассуф карда, бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ, пешгирӣ аз хавфу хатарҳои ба рушди иқтисодиёти мамлакат таъсиррасон ва дастгирию кумаки ҳамаҷонибаи аҳолии зарардидаро аз тадбирҳои меҳварӣ ва муҳими сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд.

Доир ба ҳодисаҳои табиии рӯзҳои охир ва тадбирҳои таъҷилии сохторҳои масъули давлатӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар Сарвазири мамлакат, муовини якуми Раиси Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода Қоҳир Расулзода гузориш дод.

Тавре таъкид гардид, бар асари боришоти аз ҳад зиёди барф ва фаромадани тарма вазъ дар минтақаҳои баландкӯҳ ва шоҳроҳҳои асосии мамлакат мураккаб шуда, боиси хисороти зиёди иқтисодӣ ва талафоти ҷонӣ гардид.

Сарвазири мамлакат изҳор доштанд, ки дар доираи дастуру супоришҳои Сарвари давлат имконияту иқтидори мавҷудаи кишвар ба рафъи оқибатҳои боришоти зиёди барфу борон, селу обхезиҳо, тармафароӣ ва дигар ҳодисаҳои геологию гидрологӣ сафарбар карда шуданд.

Доир ба вазъи кунунии минтақаҳои зарардида ва тадбирҳои аввалиндараҷа дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиии рӯзҳои охир, ҳисоботи роҳбарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Вазорати нақлиёт, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, Ширкати «Иновайтив Роуд Салюшенс», раи­сони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳои Хатлону Суғд низ шунида шуд.

Зикр гардид, ки бо дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бартарафсозии оқибатҳои табиӣ, хусусан наҷоти одамон, таъмини амнияту бехатарӣ дар минтақаҳои хатарнок, дар ҳолати корӣ нигоҳ дош­тани иншооти роҳу нақлиёт, хоҷагии халқ ва пешгирӣ аз омилҳои ба иқтисодиёт ва аҳолии мамлакат зиёновар тадбирҳои таъҷилӣ амалӣ андешида, кори ситодҳои ҳолатҳои фавқулодаи шаҳру ноҳияҳо тақвият бахшида шуданд.

Сипас, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон доир ба ҳолатҳои табиии панҷ соли охир суханронӣ намуданд.

www.president.tj