26 апрели соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи 77-уми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои кишварҳои Осиё ва уқёнуси Ором оид ба татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор дар мавзӯи «Барқарорсозӣ пас аз буҳрон дар асоси усули «аз пештара ҳам хубтар» ва ҳамкориҳои минтақавӣ дар Осиё ва уқёнуси Ором», ки дар шакли маҷозӣ баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд.
Дар кори он Раиси Маҷмаи умумии СММ Волкан Бозкир, Раиси Шӯрои иқтисодӣ — иҷтимоии СММ Мунир Акрам, Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои кишварҳои Осиё ва уқёнуси Ором Армида Алишахбону, президентҳои Афғонистон, Озарбойҷон, Индонезия, Кирибати, Қирғизистон, Ҷазираҳои Маршал, Муғулистон, сарвазирҳои Таиланд, Тувалу, Бангладеш, Бутан, Камбоҷа, Фиҷи, Покистон, Шри-Ланка, Ӯзбекистон низ иштирок ва суханронӣ карданд.
Ҷаласаи 77-ум ба масъалаҳои таҳлили таъсири иҷтимоию иқтисодии пандемия дар кишварҳои Осиё ва уқёнуси Ором, натиҷагирии тадбирҳои то ҳол дар ин самт андешидашуда, муҳайёсозии тасмимҳои сиёсӣ барои бозсозии беҳтар бар асоси ҳамкориҳои минтақавӣ дар чор бахши ҳаётии бо ҳам пайваста, густариши ҳамкориҳои иҷтимоӣ, сармоягузорӣ барои барқарорсозии устувор, таҳкими иттисол ва занҷираи таъминот ва эҳёи равобит бо табиат бахшида шуд.
Зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузории чорабиниро бо дарназардошти таҳдидҳои муосир ва таъсири пандемияи COVID-19, ки дар аксар кишварҳои ҷаҳон ҳанӯз ҳам идома дорад, хеле муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ карданд.
Таъкид гардид, ки дар дунё давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири пандемияи COVID-19 эмин монда бошад. Рушди иқтисодӣ, буҷети давлатӣ, гардиши тиҷорати хориҷӣ, қурби асъори миллӣ ва фаъолияти корхонаҳои саноативу муассисаҳои хизматрасонӣ аз таъсири манфии пандемия зарар дида истодаанд. Ҳамчунин, пандемия омили ба таври бесобиқа боло рафтани сатҳи бекорӣ дар ҷаҳон шудааст, ки метавонад кишварҳоро бо мушкилоти таъмини амнияти озуқаворӣ дучор гардонад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки шиддат гирифтани пандемияи COVID — 19 водор сохт, ки ҷиҳати пешгирӣ аз он, коҳиш додани зарари иҷтимоиву иқтисодӣ ва дастгирии соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа чораҳои мушаххас, аз ҷумла бознигарии буҷети давлатӣ барои соли 2020, омода кардани беш аз 30 беморхона бо 7000 кат ва 5400 нафар табибу корманди тиббӣ, ташкили 16 ҳазор кат дар 92 муассисаи тандурустӣ барои табобати пурра ва саривақтии шахсони гирифтори бемории сироятии COVID-19, ҷудо кардани маблағҳои иловагӣ ба соҳаи тандурустӣ барои харидорӣ намудани таҷҳизоти тиббӣ ва доруворӣ, бунёди беморхонаҳои муваққатӣ ва дастгирии кормандони тибро дар кишвар амалӣ созем.
Сарвари давлат таъкид карданд, ки бо дарназардошти самти иҷтимоӣ доштани буҷети давлатӣ, соли гузашта барои соҳаи иҷтимоӣ 48 фоизи қисми хароҷоти буҷет ҷудо гардид.
Илова бар ин, ҷиҳати бартараф кардани пайомадҳои пандемияи COVID-19 Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади татбиқи барнома ва лоиҳаҳо ҳамкории судмандро бо шарикони рушд, бахусус, бо Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд ва дигар институтҳои байналмилалии молиявӣ густариш бахшид.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз фурсат, ба кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ва сохторҳои тахассусии он, бахусус Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, шарикони рушд ва ниҳодҳои молиявии байналмилаливу минтақавӣ барои дастгирии Тоҷикистон дар давраи пандемия изҳори сипос карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки соли 2020, сарфи назар аз чораҳои андешидашуда, афзоиши ниҳоии Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар дар қиёс ба соли 2019 се фоиз коҳиш ёфт. Сатҳи таваррум аз 7,9 фоизи соли 2019 ба 9,4 фоиз расид. Нархи хӯрокворӣ низ 13 фоиз боло рафт. Нархи маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ аз аввали сол 5,8 фоиз ва тарифҳои хизматрасонӣ 4 фоиз афзоиш ёфанд.
Таъкид гардид, ки бо вуҷуди тадбирҳои андешидаи Ҳукумат, иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз ҳам зери таъсири манфии оқибатҳои пандемияи COVID — 19 қарор дорад. Ҳарчанд ки аз аввали соли равон дар Тоҷикистон ҳолатҳои сироятшавӣ бо бемории COVID -19 ба қайд гирифта нашудааст.
Аз ин лиҳоз, барқарорсозии иқтисодиёт пас аз давраи COVID — 19, ҳавасмандгардонии тиҷорати хурд ва миёна, дастгирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, татбиқи чораҳои зидди эпидемиологӣ, алалхусус, барномаи эмкунӣ аз тамоми кишварҳо, аз ҷумла кишварҳои минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором ҷалби захираҳои иловагии молиявиро талаб мекунад.
Сарвари давлат зарур шумурданд, ки дар чунин вазъият кишварҳои минтақа, дар баробари тавсеаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ба сармоягузорӣ ҷиҳати барқарорсозии устувори иқтисодиёт, нигоҳ доштани гардиши молу маҳсулот, таъмини ҳамлу нақли бемамониати молҳои ниёзи аввалиндараҷа, бахусус маҳсулоти ғизоӣ ва доруворӣ, ҳамчунин ҳифзи муҳити зист, таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоянд.
Дар хотима муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба пандемия ва давраи пас аз он бо дарназардошти таъсиру пайомадҳои тӯлонии COVID -19 дар ҷаҳон аз кишварҳои минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором даъват намуданд, ки ҳамкории минтақавиро дар самтҳои зикргардида, инчунин, барои муқовимат ба таҳдиду буҳронҳои эҳтимолии оянда, таъмин намудани гуногунсамтии иқтисодиёт, густариши раванди рақамикунонӣ, мутобиқшавӣ ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва гузариш ба «иқтисоди сабз» тақвият бахшанд, зеро дар давраи ҳассосу мушкил барои ҷомеаи ҷаҳонӣ амалҳои ҳамоҳангшуда ва дастгирии ҳамдигар басо муҳиму зарур мебошад.