Иштироки Пешвои миллат дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои ИДМ

№130 (4392) 19.10.2021

51592092354_76d6739515_o15 октябри соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок ва суханронӣ намуданд.

Он аз тариқи фосилавӣ таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко баргузор гардид. Дар он Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Сарвазири Ҷумҳурии Молдова Наталя Гаврилитса, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ва раиси Кумитаи иҷроия, котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев низ иштирок ва оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ дар доираи иттиҳод мубодилаи афкор намуданд.

Зимни суханронӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз ҳама, татбиқи бомуваффақияти ҳадафҳои раёсатро дар иттиҳод аз ҷониби Ҷумҳурии Беларус таъкид намуда, дар бораи вазъи кунунии ҷаҳон, алалхусус, дар минтақаи иттиҳод, андешаронӣ карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон сарони кишварҳои иштирокчиро бо 30-солагии таъсисёбии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил самимона табрик гуфта, ҷиҳати идомаи ҳамкории муштараки созанда дар доираи он ба нафъи шукуфоии минбаъдаи давлатҳои аъзо, комёбиҳо орзу намуданд.

Вобаста ба таъсири омилҳои беруна, пандемияи коронавирус ва дигар хатарҳои ҷаҳони зудтағйирёбанда пешниҳод гардид, ки бояд ба масъалаҳои тақвияти ҳамоҳангсозии фаъолияти муштарак барои рафъи буҳрон ва коҳиш додани оқибатҳои манфии он таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардад.

Дар робита ба таъмини амнияти озуқаворӣ дар кишварҳои ИДМ таъмини таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, истеҳсолот, нақлиёт, энергетика, молия, сармоягузорӣ, кишоварзӣ ва инноватсия муҳим арзёбӣ шуд.

Таъкид гардид, ки барои ҳамкорӣ байни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи рақамисозӣ, таҳкими робитаҳо дар соҳаи технологияҳои баланд ва ҷорӣ намудани дастовардҳои муосири технологӣ дар истеҳсолот имкониятҳо мавҷуданд.

Зимни баррасии масъалаҳои амниятӣ таъкид шуд, ки мубориза бо терроризм, ифротгароӣ дар ҳама зуҳуроти он, қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ, киберҷинояткорӣ ва ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ ҳамчун афзалиятҳои ИДМ дар соҳаи амнияти минтақавӣ боқӣ мемонад.

Бояд гуфт, ки дар ин самт дар чаҳорчӯбаи иттиҳод механизмҳои муносиби ҳамкорӣ, пеш аз ҳама, Маркази зиддитеррористӣ таъсис дода шуда, фаъолият доранд.

Барои амалисозии ҳуҷҷатҳои қабулшуда ва дар оянда мустаҳкам намудани заминаи меъёрию ҳуқуқии иттиҳод дар соҳаи амният андешидани чораҳои дахлдор зарур шумурда шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки пешниҳоди Тоҷикистон дар соли гузашта оид ба таҳияи рӯйхати ягонаи ташкилотҳои террористӣ ва экстремистии дар давлатҳои иштирокчӣ мамнӯъ эълоншуда, якҷоя амалӣ карда мешаванд. Дар ин зимн, ҳамчунин, таъмини ҳифзи фазои иттилоотии иттиҳод махсус қайд гардид.

Таъкид шуд, ки буҳрони низомӣ-сиёсӣ ва башардӯстона дар Афғонистон ба амнияти кишварҳо таҳдиди ҷиддӣ эҷод кардааст. Ба сари қудрат омадани гурӯҳи «Толибон», ки аз ҷониби Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ба рӯйхати гурӯҳҳои террористӣ шомил шудааст, вазъро дар давлати ҳамсоя боз ҳам печидатар кард. Аз ин лиҳоз, ҳамоҳангсозии зичтари сохторҳои қудратии кишварҳо дар мубориза бо чолишҳо ва таҳдидҳое, ки аз Афғонистон ба вуҷуд меоянд, зарур аст.

Дар тӯли се даҳсолаи охир кишварҳои узви ИДМ тавонистанд ба дастовардҳои назарраси ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳанг, маориф, илму техника, тандурустӣ, сайёҳӣ ва варзиш ноил шаванд.

Ҷониби Тоҷикистон пешниҳод карда буд, ки соли 2025-ум «Соли ҳифзи пиряхҳо» эълон шуда, Фонди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори умед карданд, ки ин ташаббусҳо аз ҷониби кишварҳои аъзои ИДМ дастгирӣ меёбанд.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко барои раёсати муваффақона дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2021 изҳори сипос карда, ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев дар иртибот ба қабули раёсат дар ИДМ барори кор орзу намуданд.

Ҳамчунин, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбари нави Маркази зиддитеррористии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Евгений Сисоев, ки номзадиаш тасдиқ гардид, муваффақият хостанд.

www.president.tj