16 сентябри соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок карданд.
Дар чорабинӣ, ки дар доираи раёсати Ӯзбекистон дар Созмони ҳамкории Шанхай дар ҳайати маҳдуд ва доираи васеъ баргузор шуд, сарони давлат ва ҳукуматҳои кишварҳои аъзои созмон — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Моди, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпин, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, сарони давлатҳои нозир дар СҲШ — Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ ва Президенти Ҷумҳурии Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух, сарони кишварҳои меҳмон — Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳаммадов, Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдоган, роҳбарони ниҳодҳои доимии СҲШ — Дабири кулли СҲШ Чжан Минг ва Директори Кумитаи иҷроияи Сохтори зиддитеррористӣ Руслан Мирзоев, инчунин роҳбарони як қатор созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, ЭСКАТО, Созмони аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё иштирок карданд.
Зимни нишаст дар ҳайати маҳдуд сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар иртибот ба рушди вазъи сиёсиву иқтисодии минтақа оид ба масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ зикр намуданд, ки таи ду даҳсолаи охир дар доираи СҲШ имкон пайдо шуд, то намунаи шарикии мутақобилан судманд, ки самаранокии он бо баробарии ҳама давлатҳои аъзо ва қабули қарорҳо дар асоси тавофуқоти ҷонибҳо таъмин мегардад, ба роҳ монда шавад. Таъкид гардид, ки ҳоло дар назди созмон ҳадафҳои масъулиятноки бо саъю кӯшиши муштарак таъмин намудани рушди устувори минтақа истодаанд.
Дар ин зимн масоили тағйирёбии иқлим ва робитаҳои нақлиётӣ ба таври хоса таъкид гардид. Инчунин, зикр шуд, ки бунёди низоми устувори иқтисодии давлатҳо бе пешбурди «энергетикаи сабз» ва эҷоди инфрасохтори самараноки нақлиётӣ дар ҳудуди СҲШ ғайриимкон аст.
Пешвои миллат таъкид карданд, ки масъалаҳои таъмини амнияти минтақавӣ бояд ҳамчун ҷузъи асосии фаъолияти СҲШ боқӣ монанд.
Бо назардошти вазъи мураккаби Афғонистон ба зарурати тақвият бахшидан ба талошҳо барои мубориза бо терроризм, ифротгаройӣ, ҷудоиандозӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ таъкид гардид.
Зимни баргузории ҷаласа дар доираи васеъ сарони ҳайатҳо масъалаҳои таъмиқи минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанба ва мутақобилан судмандро дар доираи СҲШ бо истифода аз иқтидори давлатҳои нозир ва кишварҳои шарики муколамаи СҲШ баррасӣ карданд.
Пешвои миллат ёдовар шуданд, ки соли гузашта дар нишасти ҷашнии СҲШ дар Тоҷикистон самтҳои стратегии рушди созмон дар ояндаи наздик муайян карда шуданд. «Дар Эъломияи Душанбе омадааст, ки минтақаи Осиёи Марказӣ бояд ҳамчунон меҳвари СҲШ боқӣ монад. Дар шароити имрӯза ин усул аҳамияти хоса дорад», — таъкид доштанд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Зимни суханронӣ оид ба масоили амниятӣ Сарвари давлат ба тамоюли хатарноки густариши идеологияи радикализми динӣ ва ифротгаройӣ ишора карда, аз кишварҳои аъзои СҲШ даъват ба амал оварданд, ки вазъро муштаракан назорат кунанд ва барои ҷилавгирӣ аз хатарҳои эҳтимолии афзоиши таҳдидҳои амниятӣ амал намоянд. Пешвои миллат, ҳамчунин, аз афзоиши ҳаҷми қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон изҳори нигаронӣ намуда, аҳамияти ташаббуси таъсиси сохтори алоҳидаи созмонро оид ба мубориза бо маводи мухаддир қайд карданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз иқдоми соли гузаштаашон дар бораи қабули «Стратегияи рушди иқтисодии минтақаи СҲШ то соли 2030» ёдовар шуда, пешниҳод карданд, ки ба сарони ҳукуматҳо супориш дода шавад, то ин санадро дар ҷаласаи навбатӣ баррасӣ карда, барои тасдиқи он дар ҷаласаи ояндаи СҲШ чораҷӯӣ намоянд.
Дар ҷамъбасти кори ҷаласа сарони давлатҳо аз рӯи масъалаҳои рӯзномаи СҲШ 22 қарор ба имзо расониданд. Аз ҷумла, «Эъломияи Самарқандии Шӯрои сарони давлатҳо» қабул гардида, «Нақшаи чорабиниҳои ҳамаҷониба барои солҳои 2023-2027 оид ба татбиқи муқаррароти Шартномаи ҳамсоягии дарозмуддати нек, дӯстӣ ва ҳамкории давлатҳои аъзои СҲШ» ва «Консепсияи ҳамкории давлатҳои аъзои СҲШ оид ба рушди робитаҳои байниҳамдигарӣ ва эҷоди долонҳои самарабахши нақлиётӣ» тасдиқ гардиданд.
Бо қарорҳои сарони кишварҳои аъзои СҲШ расмиёти қабули Беларус ба узвияти СҲШ оғоз гардида, ба Баҳрайн, Малдив, Мянма, Амороти Муттаҳидаи Араб ва Кувайт мақоми шарики муколамаи СҲШ дода шуд.
Пешвои миллат бинобар обхезиҳои фоҷеабору харобиовар дар Ҷумҳурии Исломии Покистон ба Сарвазир ва мардуми бародари он кишвар изҳори ҳамдардӣ намуданд.
Дар анҷоми суханрониашон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон муҳтарам Нарендра Модиро барои қабули раёсати СҲШ дар давраи оянда самимона табрик гуфтанд.