Иштироки Пешвои миллат дар ҷамъомади идона ба ифтихори рӯзи ҷавонон

№58 (3695) 25.05.2017

23 майи соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барномаи фарҳангӣ ба ифтихори Рӯзи ҷавонон, ки дар Варзишгоҳи марказии пойтахт баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ карданд/

Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирокчиёни чорабинии тантанавӣ ва дар шахси онҳо ҷавонони саодатманди кишварро бо Рӯзи ҷавонон табрику таҳният гуфтанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи ҷавонон оид ба талошу ташаббусҳои Ҳукумати кишвар баҳри дастгирии неруи созанда ва ояндаи миллат суханронӣ карда, таъкид доштанд, ки роҳбарияти Давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ пешбурди сиёсати давлатии ҷавононро яке аз самтҳои афзалиятнок медонад. Бо дарназардошти аҳамият ва зарурати ташаккули сиёсати ҷавонон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қонун ва барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон»-ро қабул намуд. Ин иқдом нишонаи возеҳи таваҷҷуҳи хосаи давлат ба наврасону ҷавонон мебошад.

Таъкид гардид, ки маҳз бо дастгириҳои доимии Ҳукумати ҷумҳурӣ имрӯзҳо ҷавонон бо азму иродаи қавӣ илму дониш ва касбу ҳунар меомӯзанд ва ба хотири ободиву пешрафти кишвари маҳбубамон фаъолона саъю талош менамоянд.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат аҳли ҷомеаро вазифадор намуданд, ки барои дар ниҳоди ҷавонон тарбия кардани ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худогоҳиву худшиносӣ саҳмгузор бошанд. ­Наврасону ҷавонон, бо ифтихори он ки дар Тоҷикистони озоду соҳиб­ихтиёр, кишвари зебои биҳиштосо зиндагӣ доранд ва ворисони фарҳангу тамаддуни камназир ҳастанд, бояд дар ­рӯҳияе ба воя расанд, ки барояшон ҳар як пораи хоки Ватан азизу муқаддас бошад.

Дар охир Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҷавононро бо идашон муборакбод гуфта, бо итминон иброз доштанд, ки онҳо минбаъд низ чун татбиқкунандагони нақшаву ниятҳои неки насли калонсол ва ормонҳои ҳазорсолаи миллати қадимаи тоҷик бо масъулияти бузург содиқонаву сарбаландона кору зиндагӣ менамоянд.

Ҷамъомади тантанавиро ба ифтихори Рӯзи ҷавонон барномаи рангини ҳунарӣ шукӯҳи тоза бахшид. Барои иштирокчиёни чорабинӣ барномаи пурмуҳтавои фарогири дастовардҳои ҷавонон ва инъикоскунандаи пешравиҳои ҷумҳурӣ пешкаш шуд, ки хеле хотирмону дилнишин буд.

www.president.tj