Иштироки Пешвои миллат дар аввалин саммити сарони кишварҳои «Осиёи Марказӣ — Чин»

№13 (4433) 26.01.2022

51841157612_056015d9cb_o25 январи соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аввалин нишасти сарони кишварҳои «Осиёи Марказӣ-Чин», ки дар шакли маҷозӣ баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд.

Саммит таҳти раёсати Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин сурат гирифта, ба 30 — солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин бахшида шуд.

Иштирокчиён дар робита ба ҳолати муносибати ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин, инчунин, дурнамои рушди минбаъдаи онҳо дар доираи нишасти «Осиёи Марказӣ – Чин» табодули афкор намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ самараи се даҳсолаи охирро дар роҳи рушди робитаҳои Тоҷикистону Чин ва то сатҳи  шарикии стратегӣ баровардани онҳо баланд арзёбӣ намуданд. Ҳамчунин, ташаккули заминаи мусоиди ҳуқуқиву шартномавӣ, роҳандозии муколамаи доимии сиёсӣ дар рӯҳияи эътимод, нишондиҳандаҳои баланди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, аз ҷумла татбиқи тарҳҳои бузурги инфрасохториро натиҷаҳои назарраси ин давра донистанд.

Пешвои миллат алоқамандии Тоҷикис­тонро ба идомаи муколамаи созандаи сиёсии ҳар ду давлат дар сатҳи олӣ ва бо тадбирҳои нави амалӣ ғанӣ гардонидани мазмуну мундариҷаи  ҷанбаҳои гуногуни шарикии стратегии ҷонибҳо ҳам дар чорчӯбаи дуҷониба ва ҳам бисёрҷониба таъкид карданд.

Дар робита ба ин, соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, бахусус дар бахшҳои саноат, энергетика, аз ҷумла «энергияи «сабз», ҳамчун заминаи калидии «иқтисоди сабз», нақлиёт ва таъмини ҳамлу нақли бемамониати борҳо, кишоварзӣ ва иқтисоди рақамӣ аз самтҳои афзалиятнок дониста шуданд.

Пешвои миллат, ҳамчунин, густариши муносибатҳои ҳамкориро дар арсаҳои зикр­гардида дар қолаби механизми «Осиёи Марказӣ — Чин», аз ҷумла андешидани тадбирҳои иловагиро ба мақсади тавсеаи савдои байниҳамдигарӣ ва афзоиши ҳаҷми табодули мол, ҳамчунин, фароҳам овардани заминаи мусоидро барои ҷалби фаъоли сармоя ба татбиқи тарҳҳои судманди иқтисодии минтақавӣ, аз ҷумла дар доираи ташаббуси «Як камарбанд — як роҳ», ба манфиати ҷонибҳо созгор арзёбӣ намуданд.

Ҳамкориҳои фаъол дар соҳаҳои тағйирёбии иқлим ва таъсири манфии оқибатҳои он ба иқтисоди кишварҳои минтақа низ муҳим дониста шуд.

Муҳимияти ҳамкориҳои ҳамоҳанг дар соҳаи тандурустӣ, бахусус дар шароити  пандемия, бо мақсади идомаи ҳамкории судманд ҷиҳати пешгирӣ ва назорати бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла дар доираи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, таъкид гардид.

Ҷонибҳо вазъи кунунии байналмилалӣ ва минтақавиро низ мавриди баррасӣ қарор доданд. Хусусан, Сарвари давлати Тоҷикистон зарурати тавсеаи ҳамкориҳоро дар соҳаи амният, бо дарназардошти вазъи мураккаби ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, инчунин, мавҷудияти таҳдиду хатарҳои муштарак  таъкид карданд.

Дар ин зимн, муқовимат дар баробари терроризм, тундгароӣ, ҷудоихоҳӣ ва ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аз вазифаҳои аввалиндараҷа номбар шуданд.

Дар робита ба ин, таваҷҷуҳи ҳозирин ба вазъи мураккаби Афғонистон ҷалб карда шуда, манфиатдор будани Тоҷикистон ба истиқрори сулҳу субот дар он кишвар бори дигар таъкид шуд ва аз даъвати Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати расонидани кумакҳои башарӣ ба мардуми Афғонистон ҷонибдорӣ сурат гирифт.

Дар хотима Пешвои миллат зикр карданд, ки Тоҷикистон ба идомаи ҳамкориҳои бисёрҷонибаи кишварҳои минтақа, бахусус  дар доираи СММ, СҲШ, МҲТБО ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ аҳамияти хосса медиҳад.

Дар ин зимн муҳимияти рушди минбаъдаи ҳамкориҳои кишварҳои минтақа дар чорчӯбаи «Осиёи Марказӣ – Чин» таъкид гардид.

Сарони давлатҳо дар хотима изҳороти муштарак миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чинро тасдиқ карда, ба вазирони корҳои хориҷӣ барои татбиқи минбаъдаи пешниҳоду ташаббусҳои дар чаҳорчӯбаи саммит баррасишуда супоришҳо доданд.

www.president.tj