Иштироки Пешвои миллат дар чорабинӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик

№138 (4400) 10.11.2021

51669216311_2a9f0cc2c5_o10 ноябри соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар паради ҳарбии ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок ва суханронӣ карданд.

Зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон кормандони мақомоти корҳои дохилии мамлакат ва ҳозиринро ба ифтихори ҷашни касбиашон — Рӯзи милитсияи тоҷик самимона табрик карданд. Зикр гардид, ки мақомоти корҳои дохилии мамлакат тайи 30 соли даврони Истиқлолияти давлатӣ, бо вуҷуди мушкилоти зиёди солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, ба сохтори муқтадири ҳифзи ҳуқуқ табдил ёфта, қодиранд, ки якҷо бо дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бар зидди амалҳои ҷинояткорона, яъне, унсурҳое, ки ба амнияту суботи дохилии давлату ҷомеа ва умуман зиндагии осудаи мардуми Тоҷикистон хатар эҷод мекунанд, мубориза баранд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон хизмати кормандони мақомоти корҳои дохилиро, хусусан, дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ, мубориза бар зидди гурӯҳҳои хиёнатпешаву ҷинояткор ва дар кишвар таъмин намудани сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ бисёр арзишманду барҷаста маънидод карданд. Инчунин, аз ҷонфидоии садҳо нафар корманди мақомот ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки Ҳукумат ва мардуми сипосгузори Тоҷикистон фидокориву ҷоннисорӣ ва хотираи неки онҳоро ҳаргиз фаромӯш намекунанд.

Қайд гардид, ки Ҳукумати мамлакат барои зина ба зина беҳтар намудани шароити хизмат ва зиндагии кормандон, баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иҷтимоии ҳайати шахсӣ ва тақвият бахшидани заминаҳои моддиву техникии мақомоти милитсия тадбирҳои муассир меандешад. Танҳо дар даҳ соли охир ҳаҷми маблағгузории мақомоти милитсия аз ҳисоби буҷети давлат беш аз 150 фоиз афзуда, музди меҳнати кормандон ба ҳисоби миёна се баробар зиёд карда шуд.

Дар ин муддат беш аз 750 нафар корманд ва оилаҳои бесаробонмондаи кормандони милитсия бо манзили истиқоматӣ ва зиёда аз 3000 нафар бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин шуданд. Аз ҷумла, дар рӯзи иди касбӣ боз 40 нафар корманди милитсия дар шаҳри Душанбе соҳиби манзили истиқоматӣ гардиданд. Ҳоло дар пойтахти мамлакат сохтмони бинои истиқоматии бисёрошёна барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ идома дорад.

Бо фармонҳои Президенти мамлакат дар даврони Истиқлолияти давлатӣ 100 нафар бо рутбаҳои олии афсарӣ ва 670 нафар бо мукофоти давлатӣ сарфароз гардонида шуданд. Ҳамчунин, бо дастгириву маблағгузории давлатӣ танҳо тайи даҳ соли охир дар шаҳру ноҳияҳои кишвар 1053 иншооту бинои нави сохтору шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ, минтақаҳои маъмурӣ ва нуқтаҳои такягоҳи милитсия бунёду навсозӣ гардида, бо шароити муосир ва дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон, ҳамчунин, вобаста ба вазъи мураккаби сиёсиву ҳарбӣ ва амниятиву ҷамъиятӣ дар минтақа ва ҷаҳон андешаронӣ карда, таъкид доштанд, ки шароит ҳар як корманди мақомотро водор месозад, ки ҳуш­ёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, саъю кӯшишро ҷиҳати пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ, алалхусус, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, аз қабили экстремизм ва терроризм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ равона созанд.

Дар охир Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва афсарону сарбозони далеру шуҷоъ манфиатҳои давлату миллат ва обрӯи касбиро муқаддас дониста, ба савганди ёдкарда дар оянда низ содиқ мемонанд ва риояи бечунучарои қонуният ва иҷрои талаботи оинномаҳои ҳарбӣ ва интизоми хизматиро дар сафҳои мақомот боз ҳам тақвият мебахшанд.

Дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба се корманди мақомот барои хизматҳои шоиста рутбаҳои хизматӣ супорида шуд.

Сипас, бо амри фармондеҳи парад ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик паради ҳарбӣ оғоз гардид, ки дар он кормандони раёсату шуъбаҳо, хадамот, ҷузъу томҳои Қӯшунҳои дохилӣ ва дигар сохторҳои таркибии Вазорати корҳои дохилӣ ширкат варзиданд. Мавриди зикр аст, ки баробари мардон занону бонувони шохаҳои мақомоти корҳои дохилӣ низ дар паради низомӣ фаъолона иштирок карданд.

Дар майдони сафороӣ, инчунин, шумораи зиёди техникаҳои гуногуни зиреҳпӯши ҷангӣ ва навъҳои автомашинаҳои ҷангию хизматӣ гузошта шуд.

www.president.tj