Иштироки Пешвои миллат дар чорабиниҳои сатҳи баланд

№112-113 (3749-50) 21.09.2017

37369521925_9c0e6b80d5_o19 сентябри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню — Йорк дар ҳошияи Иҷлосияи 72 — юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар  чорабинии сатҳи баланд зери унвони «Дар роҳи татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор», солҳои 2018 — 2028, иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар чорабинии мазкур, ҳамчунин раиси Иҷлосияи 72 — юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Мирослав Лайчак, муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ Луи Женмин, муовини Дабири кулл ва директори иҷроияи Комиссияи иқтисодии аврупоии Созмони Милали Муттаҳид Олга Алгаёрова, муовини Дабири кулл ва директори иҷроияи Дафтари лоиҳавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба хизматрасонӣ Грет Фаремо, Сарвазири Тувалу Энеле Сосене Сопоага, Сарвазири Маврикий Анируд Ҷагнот, вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Айман ас — Сафади, вазири давлатии Давлати Қатар оид ба муносибатҳои байналмилалӣ Султон Бин Саад Ал — Мурейхи, вазири Канада оид ба муҳоҷират, паноҳандагон ва шаҳрвандӣ Аҳмад Ҳусейн, муовини вазир оид ба рушди устувори Марокко Нежа эл Оуафи, муовини вазири корҳои хориҷии Эквадор Мария Карола Иникиез, мудири кулли ЮНЕСКО Ирина Бокова, раиси Хазинаи байналмилалӣ оид ба рушди кишоварзӣ Жилбер Унгбо, ёвари маъмурии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид Ҷиҳан Султаноглу, ёрдамчии вазири корҳои хориҷии Япония оид ба масъалаҳои глобалӣ Хидео Сузуки, намояндаи доимии Арабис­тони Саудӣ дар Созмони Милали Муттаҳид Абдулло ал Муаллимӣ суханронӣ намуда, ташаббусҳои Тоҷикистонро дар мавриди татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор», солҳои 2018 — 2028, ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, ба нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун пешоҳанги ташаббусҳои байналмилалӣ оид ба масъалаи об баҳои баланд доданд.

 20 сентябри соли 2017 дар шаҳри Ню — Йорк Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 72 — юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуда, яке аз аввалинҳо шуда, суханронӣ карданд.

Сарвари давлат зимни суханронӣ аз рӯйдоду воқеаҳои даҳшатноку фоҷиаборе, ки дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон идома доранд, изҳори нигаронӣ намуда, қайд карданд, ки тавсеаи миқёси терроризм ва ифротгаройӣ, ҷангу низоъҳои мусаллаҳонаи мазҳабӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба амнияти кишварҳои мо хатари ҷиддӣ эҷод карда истодаанд.

Пешвои миллат бори дигар таъкид намуданд, ки амалҳои ваҳшиёнаи ин неруҳо бо дини мубини ислом ҳеҷ гуна робитае надоранд. Онҳо, баръакс, мухолифи таълимоти ахлоқӣ ва арзишҳои таҳаммулгарову инсондӯстонаи ислом мебошанд ва мубориза алайҳи таҳдидҳои зикршуда аз ҷониби ҳамаи давлатҳои аъзои Созмон андешидани чораҳои қотеонаи муштарак дар доираи ҳуқуқи байналмилалӣ ва худдорӣ намуданро аз истифодаи меъёрҳои дугона тақозо менамояд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, ҳамчунин аз вазъи низомиву сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодии  Афғонистони ҳамҷавор изҳори нигаронии ҷиддӣ карда, иброз намуданд, ки имрӯз комилан возеҳ аст, ки сулҳу суботи пойдор дар Афғонистон омили калидии таъмини суботу амният дар ҳавзаи Осиёи Марказию Ҷанубӣ ва дигар минтақаҳои ҳамсоя аст.

Бинобар ин, Сарвари давлат ҳамоҳангсозии минбаъдаи талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва андешидани тадбирҳои муассирро ҷиҳати ҳаллу фасли фарогири қазияи Афғонистон хеле муҳим арзёбӣ намуданд.

Сарвари давлат ёдовар шуданд, ки қабули Рӯзномаи ҷаҳонии рушд то соли 2030 иқдоми наҷибонаи ҷомеаи байналмилалӣ ба хотири рушди устувори кишварҳои аъзо ва фарогирии тамоми қишрҳои ҷомеа бо ин раванд маҳсуб меёбад. Ҳукумати кишвар дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои дахлдори Созмони милал, аз ҷумла дафтари  Барномаи рушди он дар Тоҷикистон, «Стратегияи миллии рушд то соли 2030» ва «Барномаи миёнамуҳлати рушдро то соли 2020» таҳия ва қабул намуд.

Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин дар бораи пиёдасозии ҳадафҳои Созишномаи Париж, ташаббусҳои ҷаҳонии «Энергияи устувор барои ҳама», Даҳсолаи байналмилалии «Энергияи устувор барои давраи то соли 2024», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор», солҳои 2018 — 2028, андешаҳои ҷолиб баён намуданд.

21 сентябри соли 2017 дар шаҳри Ню — Йорк дар ҳошияи Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мудири Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид Ахим Штайнер мулоқот намуданд.

Тарафҳо масоили вобаста ба вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ин ниҳоди бонуфузи Созмони Милали Муттаҳидро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Аз сатҳи имрӯзаи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид изҳори қаноатмандӣ намуда, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми ниҳоди мазкурро дар ҳалли ниёзмандиҳои кишвари мо баланд арзёбӣ карданд.

Ахим Штайнер аз ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳалли мушкилоти умдаи замони муосир ёдовар шуда, мавқеи пойдор ва нақши пешоҳангию пешсафии Сарвари давлати тоҷиконро дар амалигардии барномаи Ҳадафҳои рушди ҳазорсолаи Созмони Милали Муттаҳид махсус таъкид намуданд.

Ҷонибҳо ба таври муфассал доир ба масоили рӯзмарраю мавриди таваҷҷуҳ, аз қабили иштироки фаъол дар татбиқи лоиҳаҳои хурду бузурги иҷтимоию иқтисодӣ, мусоидат ба иҷрои Ҳадафҳои рушди ҳазорсола, Рӯзномаи 2030 ва «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», коҳиш додани сатҳи камбизотӣ, рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, ҳалли масоили глобалии марбут ба об, тағйирёбии иқлим, барқарорсозӣ ва рушди инфрасохтори зарурии ҳаёт ва тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаи маориф табодули афкор намуданд.

Ҳамфикрии мусоҳибон, ҳамчунин дар масъалаҳои муҳими дигари байналмилалӣ, ба монанди мубориза бар зидди терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, хариду фурӯши одамон, коррупсия ва ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ таъкид гардид.

Изҳори итминон карда шуд, ки ҳамдастию муносибатҳои дӯстонаю манфиатбори Тоҷикистон ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар оянда низ самимию судманд боқӣ хоҳанд монд.

21 сентябри соли 2017 дар шаҳри Ню — Йорк Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин бо Сарвазири Канада Ҷастин Трюдо мулоқоти самимӣ ва созанда анҷом доданд.

Таъкид гардид, ки имсол аз барқароршавии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Канада 25 сол сипарӣ мешавад ва дар ин давра ҳамкориҳои байнидавлатӣ, ки дар асоси усулҳои ҳусни эҳтиром, эътимод ба ҳамдигар ва эътирофи мутақобилаи манфиатҳо оғоз ёфтаанд, дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ рушду такомул пайдо карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки ҷониби Тоҷикистон кумакҳои Канадаро ба сохторҳои қудратӣ, таҳкими марз бо Афғонистон, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, дастгирии фаъолияти Коллеҷи марзбонии САҲА дар Тоҷикистон, ширкати коршиносони кишвари Канада дар татбиқи лоиҳаҳои ҳаётан муҳим барои Тоҷикистон ва Афғонистон баланд арзёбӣ менамояд.

Барои тақвияти муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, энергетика, нақлиёт, технологияҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, амнияту бехатарӣ ва идоракунии сарҳад фикру мулоҳизаҳои судманд баён карда шуд.

Дар робита ба хатару чолишҳои афзояндаи ҷаҳони муосир ҳар ду ҷониб зарурати тақвияти ҳамгироиҳои байнидавлатиро дар мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ ва қочоқи маводи мухаддир таъкид намуданд.

Табодули афкори судманд, ҳамчунин доир ба дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо сурат гирифт.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Канада Ҷастин Трюдоро даъват карданд, ки дар фурсати барояш муносиб аз Тоҷикистон боздид намояд.

 21 сентябри соли 2017 дар шаҳри Ню-Йорк Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз шароити мусоид бо доираи соҳибкории Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуданд.

Чорабинӣ бо сухани муқаддимавии раиси Шӯрои соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оғоз гардид.

Сипас, ноиби президент — мудири иҷроияи Ширкати «Ҷенерал Электрик» — и Амрико дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Роналд Поллетт баромад намуда, ба Сарвари давлат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дарёфти фурсат ва иштирок дар ин чорабинӣ изҳори миннатдорӣ кард.

Роналд Поллетт, аз ҷумла, изҳор дошт, ки Тоҷикистон шарики боэътимод ба ҳисоб меравад ва ин давлат ба қатори даҳгонаи кишварҳои дорои иқтидори бузурги гидроэнергетикӣ шомил мебошад. Аз ин хотир, мо ҳамчун ширкати дорои имкониятҳои бузурги технологӣ дар соҳаи гидроэнергетика ҳавасманди истифодаи бештари ин технология дар соҳаи гидроэнергетикаи Тоҷикистон ҳастем.

Дар ҳамоиши соҳибкорон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуданд.

Манфиатдории ҷониби Тоҷикистонро аз рушди равобити ҳасанаю ҳамаҷониба бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таъкид карда, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрии имрӯзаро васоити хуби тавсеабахши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии байнидавлатӣ арзёбӣ намуданд.

Бо ёдоварӣ аз заминаҳои ҳуқуқию қарордодии муносибатҳои байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки зиёда аз 30 санадро дар бар мегирад, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи доираи соҳибкорону тоҷирони Амрикоро барои маблағгузорӣ ва ҷалби сармояи мустақим ба соҳаҳои иқтисоду тиҷорати Тоҷикистон, саноат, кишоварзӣ, инфрасохтори роҳу нақлиёт ва энергетикӣ, алоқа, сохтмон, технологияҳои нав ва сайёҳӣ  ҷалб намуданд.

Тавре таъкид гардид, Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати боз ҳам беҳтар шудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ пайваста чораҳои зарурӣ андешида, дар ин замина, қонунгузории мамлакатро дар самти тиҷорату иқтисод ба меъёрҳои байналмилалӣ созгор намудааст, ки кафолатҳои ҳимояи сармоягузоронро низ таъмин менамояд.

Дар ҳамин замина болоравии мавқеи байналмилалии Тоҷикистон  аз лиҳози бақайдгирии бизнес, андозбандӣ, дастрасӣ ба қарзҳо ва тиҷорати ҷаҳонӣ таъкид карда шуд ва ба таври мисол  дар рейтинги «Пешбурди бизнес»-и Бонки ҷаҳонӣ се маротиба ба даҳгонаи кишварҳои пешсафи ислоҳотгар шомил гардидани Тоҷикистон, беҳтар шудани мавқеи давлат дар байни 136 кишвар, ба қатори кишварҳои соҳаи сайёҳиашон дар ҳоли рушд қарордошта ва даҳ кишвари ҷолиб барои сайёҳон ворид шудани Тоҷикистон қайд гардид.

Ҳамчунин, барои рушди робитаҳои манфиатбори дуҷониба аз доираи соҳибкорону тоҷирони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико даъват карда шуд, ки ҷиҳати ворид шудан ба иқтисоди кишвари рӯ ба тараққии мо қадамҳои устувор гузошта, дар раванди рушду тавсеаи боз ҳам бештару беҳтари ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикис­тону Амрико саҳмгузор бошанд.

Дар анҷом раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо маърӯзаи мукаммал имтиёзҳо ва имкониятҳои иқтисодию сармоягузории Тоҷикистонро ба ҳозирин муаррифӣ намуданд.

21 сентябри соли 2017 дар шаҳри Ню — Йорк мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ноиби президент — мудири иҷроияи Ширкати «Ҷенерал Электрик» -и Штатҳои Муттаҳидаи Амрико дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Роналд Поллетт баргузор шуд.

Аз имкони мулоқоти дуюм дар давоми соли равон изҳори қаноатмандӣ карда шуд ва таъкид гардид, ки муколамаҳои доимӣ дар оянда ба густариши робитаҳои Тоҷикистон ва Ширкати «Ҷенерал Электрик» такони ҷиддӣ хоҳанд бахшид.

Ҷонибҳо муҳимияти ҳамкориҳои манфиатборро дар соҳаи энергетика ва истифодаи самараноки захираҳои бузурги гидроэнергетикии Тоҷикис­тон, аз ҷумла ҷалби сармоя барои бунёди неругоҳҳои барқи обӣ, таҷдиди неругоҳҳои мавҷуда, бунёди хатҳои интиқоли неруи барқ ва таъмини таҷҳизоти муосири энергетикӣ таъкид карда, изҳори боварӣ намуданд, ки истифодаи таҷриба ва имконияти муосири Ширкати «Ҷенерал Электрик» метавонад дар пешрафти соҳаҳои номбаршуда нақши калон гузорад.

Дар мулоқот, ҳамчунин доир ба дигар паҳлуҳои манфиатбори ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ширкати «Ҷенерал Электрик» — и Штатҳои Муттаҳидаи Амрико табодули афкор сурат гирифт.

 21 сентябри соли 2017 дар шаҳри Ню — Йорк Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласи чоруми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар кори ҷаласа, ҳамчунин Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Президенти Бонки ҷаҳонӣ ва дигар шахсиятҳои воломақоми давлатҳо ва ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ иштирок доштанд.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки мавҷудияти Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об дар як давраи кӯтоҳ барои баланд бардоштани дарки моҳияти об ҷиҳати ноил гардидан ба Ҳадафҳои рушди устувор такони ҷиддӣ бахшида, нақшаи амали он минбаъд дар ҳаллу фасли масъалаҳои марбут ба об мусоидат хоҳад кард.

Ба нақши Тоҷикистон дар пешбурди ташаббуси эълон кардани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор», солҳои 2018 – 2028, баҳои баланд дода шуд ва таъкид гардид, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ метавонад аз имкониятҳои ин Даҳсола васеъ истифода бурда, дар паст кардани шиддати мушкилоти марбут ба об ба таври назаррас саҳм гузорад.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки Даҳсолаи мазкур барои боз ҳам баланд бардоштани дарки масъалаҳои об дар Рӯзномаи ҷаҳонии рушд ва мусоидат ба татбиқи Ҳадафҳои рушди устувори марбут ба об мусоидат карда, дар ин самт барои муттаҳид сохтани талошҳои давлатҳои ҷаҳон кумак менамояд.

Дар ҷаласаи чоруми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об, ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Маврикий хонум Амина Ғуриб Факим, Президенти Маҷористон Янош Адер, Сарвазири Ҷумҳурии Халқии Бангладеш хонум Шайх Ҳасина, Сарвазири Шоҳигарии Нидерланд Марк Рутте, вазири корҳои хориҷаи Иттиҳоди Австралия Ҷулия Бишоп, вазири банақшагирӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии Урдун Имад Фахури, вазири тиҷорати хориҷӣ ва туризми Перу Эдуардо Феррейрос Купперс ва муовини вазири ҳифзи муҳити зист ва захираҳои табиии Мексика Родолфо Ласи Тамаё суханронӣ намуданд.

 www.president.tj