28 феврали соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар Иҷлосияи 13-уми Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ вориди шаҳри Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон шуданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Исломобод Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми кишвари мизбон гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Ба хотири пазироии меҳмони олимақом Горди фахрӣ ва оркести нафасӣ саф кашида, майдони фурудгоҳ бо парчамҳои Тоҷикистону Покистон, аксҳои сарони давлатҳои ду кишвар ва шиору овезаҳо оро ёфта буд.
Дар маросими истиқболи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дода, аз тӯпхонаҳо шиллик карда шуд.
Якуми марти соли 2017 дар шаҳри Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кори Иҷлосияи 13-уми Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ иштирок ва суханронӣ намуданд (матни суханронӣ пешниҳод мегардад).
Хотиррасон мешавем, ки ба Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1992 аъзо мебошад ва моҳи сентябри соли 2004 вохӯрии 8-уми сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои аъзои ин созмон дар шаҳри Душанбе баргузор шудааст.
Дар Иҷлосияи 13-уми Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Озарбойҷон, Туркия, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Эрон ва муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон, сафири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Покистон, ҳамчунин намояндагони Ҷумҳурии Туркияи Кипри Шимолӣ, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуданд.
Кори иҷлосия бо нутқи муқаддимавии раиси Иҷлосияи 12-уми Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ – Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев оғоз гардид ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Навоз Шариф раиси иҷлосияи 13-ум интихоб шуд.
Дар рафти иҷлосия вобаста ба дурнамои ҳамкориҳои минтақавии давлатҳои аъзои созмон табодули афкори судманд сурат гирифт ва аз ҷониби сарони давлатҳо, ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ Эъломияи Исломобод қабул гардид.
Дар анҷом барои саҳми назаррас дар рушди илм ва соҳаҳои гуногун ба 7 нафар, аз ҷумла ба намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон — саркотиби илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои биология Абдусаттор Саидов ҷоизаи Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ дар соҳаи илм ва технология супорида шуд.
Бояд таъкид кард, ки дар доираи баргузории Иҷлосияи 13-уми Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ дар шаҳри Исломобод, ҳамчунин ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа барои ба зиммаи Тоҷикистон гузаштани раёсат дар Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ қарор қабул карда шуд, ки дар асоси он соли 2018 ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
www.president.tj