4 майи соли 2018 дар «Кохи Сомон» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Муқовимат бо терроризм ва ифротгаройии хушунатомез» иштирок ва нутқи пурмуҳтаво карданд.
Дар он муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, роҳбари Дафтари зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид, Дабири кулли Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид, намояндагони дигар ташкилоту созмонҳои бонуфуз, аз қабили Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Хадамоти аврупоии амалиёти хориҷӣ, ҳамчунин ҳайатҳои ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Маҷористон, Шоҳигарии Баҳрайн, Давлати Ливия, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Туркманистон, Федератсияи Россия, Арманистон, Салтанати Уммон, Давлати Кувайт, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Давлати Қатар ва Ҷумҳурии Мардумии Чин иштирок намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст иштирокчиёни конфронсро ба Тоҷикистони биҳиштосо хайра мақдам гуфта, таъкид доштанд, ки баррасии масоили вобаста ба таҳдидҳои асри нав — терроризм ва экстремизм баҳри аз байн бурдани ин зуҳуроти номатлуб мувофиқи мақсад аст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз авҷи низоъ ва зуҳуроти терроризму экстремизм, ҳадафи он қарор гирифтани беш аз 100 кишвари олам, амалҳои харобиовар, қурбон гаштани ҳазорҳо ғайринизомӣ, бе хонаву дар мондани миллионҳо нафар, расидани зиёни иқтисодӣ ба мамлакатҳои ҷангзада изҳори нигаронӣ ва таъкид карданд, ки бо дарназардошти воқеияти рӯз, бояд ба хотири таъмини амнияти ҳамаҷониба дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон барои мубориза бо терроризм ва экстремизм, аз байн бурдани омилҳои дастгирии сиёсӣ, низомӣ ва молиявӣ тавассути қабули тадбирҳои муштарак чораандешӣ намуд.
Конфронс, ки бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Аврупо ва шарикони дигар баргузор гардид, намунаи омодагии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди терроризм ва пешгирии хатарҳо арзёбӣ шуд.
Дар охир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокчиён дар баррасии мавзӯъҳои муҳим ба нафъи аҳли башар комёбӣ орзу намуданд.
Изҳори умед карда шуд, ки натиҷаҳои конфронс ба инкишофи минбаъдаи ҳамкорӣ дар муборизаи муштарак бо терроризму ифротгаройӣ ва ноил шудан ба ҳадафҳои нек мусоидат мекунанд.
Баъди суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, роҳбари Дафтари зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид Владимир Воронков ва Дабири кулли Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо Томас Гремингер баромад карда, нахуст ба ҷониби Тоҷикистон, бахусус Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои дар сатҳи баланд созмон додани конфронс ва пазироии гарму самимӣ изҳори сипос намуданд.
Баъди анҷоми конфронс эъломияи Душанбе қабул гардид.
www.president.tj