7 июни соли 2022 дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор», солҳои 2018 — 2028 иштирок ва суханронӣ карданд.
Ҷиҳати иштирок дар кори ҳамоиши сатҳи баланд, ки бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон ва дастгирии Созмони Милали Муттаҳид дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе баргузор гардид, роҳбарон ва намояндагони воломақоми як қатор кишварҳо, инчунин, коршиносони созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд.
Баъзе аз сарони давлатҳо ва роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ ба таври маҷозӣ дар кори конфронс иштирок карданд.
Инчунин, ҷараён ва натиҷаҳои Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор», солҳои 2018 — 2028 — ро шумораи зиёди хабарнигорони дохил ва хориҷи кишвар инъикос доранд.
Мавриди зикр аст, ки дар ҳошияи конфронс Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як қатор иштирокчиёни он мулоқот карда, масоили ҳамкории дуҷониба ва ҷараёну натиҷаҳои ҳамоиши сатҳи баланд оид ба обро баррасӣ намуданд.
Ҳамчунин, аз 6 июни соли равон дар як қатор шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон дар ҳошияи конфронс форумҳо, намоишгоҳҳо ва дигар чорабиниҳо марбут ба обу иқлим дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор шуданд.
Як гурӯҳ меҳмонон, аз ҷумла пешвоёни Эътилоф оид ба об ва иқлим дар шаҳрҳои Норак ва Роғун бо захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон ва дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо вазъи пиряхҳои Тоҷикистон, аз ҷумла пиряхи Федченко ва кӯли Сарез, шинос шуданд.
Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор», солҳои 2018 — 2028 бо маросими аксгирии меҳмонон, роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои хориҷ дар долони пурнақшу нигори «Кохи Сомон» оғоз гардид. Онро бо сухани муқаддимавӣ вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ифтитоҳ карда, суханро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доданд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст иштирокчиёни конфронсро ба Тоҷикистон хайра мақдам гуфта, ба роҳбарияти Созмони Милали Муттаҳид, сохторҳои марбута, бахусус, аъзои Кумитаи байналмилалии машваратии Раванди оби Душанбе ва дигарон барои кумаку дастгириашон дар раванди тадорукот ва баргузории конфронс изҳори сипоси амиқ намуданд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки натиҷаҳои конфронс дар пешбурди кори Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2023, ки бо ҳамраисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерландия баргузор хоҳад гашт, саҳми муассир мегузорад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз таърихи 20 соли талошҳову ташаббусҳо оид ба ҳалли мушкилоти об дар сайёра ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки ташаббусҳои ҷаҳонии «Соли байналмилалии оби тоза» (соли 2003), Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои ҳаёт» (солҳои 2005 — 2010) ва «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» (соли 2013), ба ҳамкории фаъоли ҳама ҷониби манфиатдор дар самти мудирияти оқилонаи захираҳои об ва татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи об, инчунин, дар амалисозии фанноварию навовариҳои муосир мусоидат намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба аҳамияти ташаббуси чоруми Тоҷикистон — Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор», солҳои 2018 — 2028 дар татбиқи ҳадафҳои байналмилалӣ андешаронӣ карда, бо итминон изҳор доштанд, ки ба шарофати ҳамкорӣ ва густариши шарикӣ дар қолаби Даҳсола роҳу равишҳо барои татбиқи ҳадафҳои рушди устувор вобаста ба захираҳои об ва беҳдошт дарёфт хоҳанд гардид.
Зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи иштирокчиёни конфронсро ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои он, обшавии пиряхҳо, ҳифзи муҳити зист, таъсири ҳамагирии COVID — 19 ба иқтисоди кишварҳо, афзоиши аҳолии сайёра, мушкилоти дастрасии одамон ба оби тоза, вазъи беҳдоштӣ, таъмини солимии ҷомеаи ҷаҳон, истифодаи оқилонаи захираҳои об, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва коҳиш додани таъсири омилҳои гуногун ба кишварҳо ҷалб карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ, ҳамчунин, оид ба натиҷаҳои нишасти пешвоёни Эътилоф оид ба об ва иқлим дар Душанбе, баррасии масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо, андешидани тадбирҳо баҳри расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор, нақши об дар тавлиди «неруи сабз», масъалаи маблағгузории кишварҳои тараққикардаи олам ва ниҳодҳои молиявӣ барои дастрасии ҳамагонӣ ба оби ошомиданӣ ва шароити зарурии беҳдошт, андешаронӣ карданд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар охир аз зарурати баргузории Конфронси дуюми оби Душанбе дар раванди омодагӣ ба Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2023 ёдовар шуда, бо итминон изҳор доштанд, ки ин чорабинӣ барои ҳамоҳангсозӣ ва ба ҳам пайвастани натиҷаҳои чорабиниҳои дигари байналмилалӣ, аз ҷумла Муколамаи Бонн, Форуми 9-уми ҷаҳонии об, Саммити 4-уми уқёнуси Ором дар ҳамбастагӣ бо чорабиниҳои дарпешистода — Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнусҳо ва Конфронси 27-уми ҷонибҳои Конвенсияи СММ оид ба тағйироти иқлим ва дигар чорабиниҳои минтақавию байналмилалӣ ба ин ҳамоиши муҳими байналмилалӣ хизмат мерасонад.
Баъди суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кори конфронс муовини якуми Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид хонум Амина Муҳаммад, Президенти Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид (ECOSOC), Намояндаи доимии Ботсвана дар СММ Колен Виксен Келапиле, муовини Дабири кулли СММ, Дабири кулли Конфронси СММ оид ба масъалаҳои марбут ба об дар соли 2023 ва ҳамраиси Конфронси дуюми оби Душанбе Лю Чженмин, муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Роман Скляр, муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон Муҳаммадгулӣ Муҳаммадов, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шуҳрат Ғаниев, Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба муҳити зист Синкявичюс Виргиниюс, ноиби Президенти Бонки осиёгии рушд Шиксин Чен, ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Марк Боуман, Директори глобалии бахши соҳаи оби Бонки ҷаҳонӣ хонум Ҷеннифер Сара, варзишгари австралиягӣ хонум Мина Гули ва намояндаи ҷавонон, шаҳрванди Чад Дионнон Биенвину суханронӣ карданд.
Баромадкунандагон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ташаббусҳои ҷаҳонии обу иқлим, дар сатҳи баланд ташкилу баргузор кардани Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор», солҳои 2018 — 2028 изҳори сипос карда, пешсафии Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ҷодаи ҳалли мушкилоти марбут ба об ва иқлим дар арсаи олам махсус қайд карданд.
Дар рафти конфронс Сарвазири Шоҳигарии Нидерландия Марк Рютте ва Раиси Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид Абдулло Шоҳид бо навори видеоӣ ба иштирокчиёни ҳамоиш муроҷиат карданд.
Онҳо ба Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои талошҳову ташаббусҳо, ҳамкории пурсамар бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, инчунин, ҳамраисӣ бо Шоҳигарии Нидерландия ҷиҳати ҳалли масоили марбут ба обу иқлим изҳори миннатдорӣ карданд.
Бо ҳамин, қисмати якуми кори Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор», солҳои 2018 — 2028 хотима ёфт.
Нимаи дуюми рӯз кори Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор», солҳои 2018 — 2028 дар ҷаласаи пленарӣ бо иштироки роҳбарони ҳайатҳо ва коршиносони байналмилалӣ идома ёфт.
www.president.tj