Иштироки Пешвои миллат дар конфронси вазирони кишварҳои «Қалби Осиё -Раванди Истанбул»

№39-40 (4301-4302) 30.03.2021

51083203366_f1c569b74f_o30 марти соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нуҳумин Конфронси вазирони кишварҳои «Қалби Осиё — Раванди Истанбул» зери унвони «Тақвияти ҷомеа барои сулҳ ва рушд» иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар он, ҳамчунин, Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муҳтарам Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, вазирони корҳои хориҷӣ ва намояндагони 15 кишвари иштирокчӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Туркия, Озарбойҷон, Покистон, Қатар, Қазоқистон, Ҳиндустон, Ӯзбекистон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саудӣ, Чин, Россия бевосита ва 16 кишвари мададрасон, роҳбарони 16 созмони минтақавию байналмилалӣ аз тариқи фосилавӣ ширкат доштанд.

Фаъолияти ин раванд ба таҳкими амнияти минтақавӣ, ҳамкории иқтисодӣ ва сиёсӣ бо Афғонистон тавассути муколама ва тадбирҳои эътимодсозӣ нигаронида шудааст. Муколамаи минтақавӣ нахуст аз ҳамкориҳо дар самти мубориза бо таҳдидҳои умумӣ, аз қабили мубориза бо терроризм, маводи мухаддир, фақр ва ифротгароӣ оғоз ёфт. Дар поёни конфронс Эъломияи муштарак қабул гардид.

ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муҳтарам Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ифтитоҳ карданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирокчиёнро хайра мақдам гуфта, онҳоро ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз табрик карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолият ва мақоми «Қалби Осиё — Раванди Истанбул»-ро аз замони ташаккулёбиаш дар соли 2011 то ба ҳол муҳим арзёбӣ карда, изҳор доштанд, ки Тоҷикистон татбиқи стратегияи фарогири байналмилалиро ҷиҳати таъмини субот ва барқарорсозии ҳаёти осоишта дар Афғонистон ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд.

- Итминон дорам, ки ҳамоиши Душанбе бо вазифагузориҳои нав дар баррасӣ ва ҳалли мушкилоти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон қадамҳои тозаро хоҳад ­гузошт, — изҳор доштанд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо боварӣ таъкид намуданд, ки ҷомеаи байналмилалӣ бо ташаббусу пешниҳодҳои нав механизми ҳамкорӣ ва кумакҳоро ба Афғонистон боз ҳам мукаммал хоҳад кард.

www.president.tj