Иштироки Пешвои миллат дар «Корвони шодиёнаи наврӯзӣ»

№32 - 33 (3982 - 3983) 28.03.2019

33556910428_27878f5cf7_oБисту якуми марти соли 2019 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз «Корвони шодиёнаи наврӯзӣ» дар сатҳи баланд баргузор гардид.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро иштирокчиёни он бо самимияти беандоза пешвоз гирифтанд.

Макони баргузории «Корвони шодиёнаи наврӯзӣ» бо шиорҳо дар васфи Наврӯз ва рамзи хоси Наврӯзи байналмилалӣ оро ёфта буд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабл аз оғози барномаи фарҳангии бошукӯҳи наврӯзӣ суханронӣ карда, иштирокчиён ва мардуми шарафманди Тоҷикистонро бо Иди байналмилалии Наврӯз таб­рик намуданд.

Пас аз суханронии табрикии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи идона оғоз гардид.

«Корвони шодиёнаи наврӯзӣ» дар маҷмӯъ аз 13 бахши фарҳангию фароғатӣ, аз ҷумла «Рамзи наврӯзӣ», «Паёмоварони баҳор», «Омадани баҳор», «Маросими гулгардонӣ», «Маросими суманакпазӣ», «Маросими ҷуфтбаророн», «Модар — рамзи абадият», «Сайри об» ва ғайра иборат буд, ки ҳар яке дорои маънои хос ва таҷассумкунандаи рамзҳои Иди байналмилалии Наврӯз буд.

Дар «Корвони шодиёнаи наврӯзӣ» дар маҷмӯъ зиёда аз 24 ҳазор нафар иштирок карда, бо ташкили бахшҳои гуногун анъанаҳои ҷашни бостонии миллати куҳантамаддуни тоҷикро намоиш доданд.

Бахши аввали «Корвони шодиёнаи наврӯзӣ» аз «Сароғоз» шурӯъ гардид, ки дар он иштирокчиён бо намоиши конструксияҳои бузурги «Дарвозаи зинда» ва рамзи «Оташ» вориди майдон шуданд.

Бахши дигар «Тахти Ҷамшед» буд, ки аз таърихи бостонӣ доштани Наврӯз шаҳодат медод.

Расму суннатҳои дигари хоси наврӯзӣ, аз қабили «Паёмоварони баҳор» турнаҳо, парастуҳо, шабпаракҳо аз омадани баҳор мужда мерасонанд, ки ҷолибу диданӣ буданд.

«Омадани Баҳор» бахши дигари барномаи наврӯзӣ буд, ки зимни он надимон рақси фариштаро иҷро ва ба чорабинӣ шаҳомати хоса зам намуданд.

Бахши «Маросими гулгардонӣ» ҳам инъикосгари суннатҳои неки наврӯзӣ буд, ки дар гузашта кӯдакону наврасон бо иҷрои гулгардонӣ ба ҳама аз омадани Наврӯз хабар мерасонданд.

Тавре аз сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд, суманак аз ҷумлаи таомҳое маҳсуб мешавад, ки ба ҷашни Наврӯз мансуб аст. Ҷой додани «Маросими суманакпазӣ» ва «Ҳафтхони наврӯзӣ» дар «Корвони шодиёнаи наврӯзӣ» шаҳодати дубора эҳё кардани хӯрокҳои миллӣ ва расму оинҳои халқӣ маҳсуб меёфт.

«Маросими ҷуфтбаророн» ва ниҳолшинонӣ, ки анъанаҳои ниёконро бозгӯӣ менамуданд, дар шакли бадеӣ намоиш дода шуд. Иштирокчиёни бахшҳои «Ашагулон» дар атрофи ороишоти сохтаи таблаки бузург, «Сайри об» дар атрофи рамзи бузурги «Аноҳито», «Варзиши шодиёна», «Модар — рамзи абадият» бо намунаи сохтаи бузурги «Модар бо гаҳвора» ва антуражи рақсӣ ба майдон ворид шуданд. Бояд таъкид кард, ки ҳар як бахш тамошобинонро бо таърих ва расму суннатҳои Наврӯз шинос менамуд.

Қисмати муҳими «Корвони шодиёнаи наврӯзӣ»-ро ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили сарулибос ва таомҳои болаззати тоҷикӣ ташкил медод. Дар бахши ҳунарҳои мардумӣ чор ноҳияи шаҳри Душанбе бо 32 мошини ородода ва иштирокчиён ба тан либосҳои гуногуни миллӣ иштирок карданд. Ҳунармандон ва ҳаваскорон дар ин бахш бори дигар фарҳанги оламшумули миллати тоҷикро бо нишон додани намунаи сарулибосҳои миллӣ ва таомҳои халқӣ ба ҷаҳониён шоиста муаррифӣ намуданд.

Дар бахши «Шодии наврӯзӣ» 2500 нафар иштирокчӣ маросими тӯйи домоду арӯсии минтақаҳои кишварро бо суруду рақсҳои ҷолиб намоиш доданд, ки ин ҳам ҷузъе аз фарҳанги миллати фарҳангдӯсти тоҷик аст. Суннатҳои неки наврӯзӣ, ки дар ҳама минтақаҳои кишвар ба онҳо арҷ гузошта мешаванд, дар ин чорабинӣ таҷассум ёфт.

Бояд таъкид намуд, ки «Корвони шодиёнаи наврӯзӣ» дар  шаҳри Душанбе бори нахуст ташкил шуда, дар доираи он ширинкорон ва дорбозон бо пешниҳоди намоишҳои ҷолиб  хотири иштирокдоронро болида гардониданд.

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди ҳамаҷонибаи фарҳанги миллӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, дар ин давра як зумра расму оинҳои миллие, ки бо мурури замон ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта буданд, эҳё гардиданд. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки ташкили «Корвони шодиёнаи наврӯзӣ» дар кишвар идомаи мантиқии сиёсати фарҳангпарваронаи Сарвари давлат мебошад.

Аз рафти баргузории чорабинӣ аён гардид, ки таҳиягарон бо дарназардошти анъанаҳои ҷашн ва риояи дигар хусусиятҳои хос барномаро дар сатҳи баланди диданӣ намоиш доданд.

Дар шакли нав ва пурмуҳтаво баргузор кардани «Корвони шодиёнаи наврӯзӣ» дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе ба мардум ва меҳмонони ҷамъомада шодиву нишоти беандоза бахшид, ки сарчашмаи асосии он сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ дар кишвар мебошад.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва таҳиягарон, ҳунармандону ҳаваскорон барои дар сатҳи баланд ташкил кардани  «Корвони шодиёнаи наврӯзӣ» арзи сипос намуданд.

www.president.tj