9 майи соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 75 — солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар пояи лавҳаи ёдгории «Боғи Ғалаба»-и пойтахт гулчанбар гузоштанд.
Дар ин маросим Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамроҳӣ намуданд.
Нахуст Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пос доштани хотираи афсарону сарбозон ва онҳое, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷон нисор кардаанд, дар назди «Оташи ҷовидон» гулчанбар гузоштанд.
Ҳамчунин, аз номи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири қурбониёни ҷанг гулчанбар гузошта шуд.
www.president.tj