Иштироки Пешвои миллат дар маросими гулчанбаргузорӣ ба ифтихори 76 — солагии Рӯзи Ғалаба

№64 (4326) 12.05.2021

8 майи соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 76 — солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941-1945) дар «Боғи Ғалаба»-и пойтахт ба пояи лавҳаи ёдгорӣ гулчанбар гузоштанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамроҳӣ намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба поси хотираи афсарону сарбозон ва онҳое, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷон бохтанд, назди «Оташи ҷовидон» гулчанбар гузоштанд.

Ҳамчунин, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири мудофиа, собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва намояндагони дигар мақомот ба хотири қурбониёни ҷанг гулчанбарҳо гузоштанд.

www.president.tj