Шоми 14 июни соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи мусобиқоти ҷаҳон оид ба футбол — 2018 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия иштирок карданд.
Ҳамоиши бузурги варзишӣ 14 июн дар Варзишгоҳи Лужникии шаҳри Москва оғоз гардид, ки дар он дастаҳои футболи як қатор кишварҳои олам барои дарёфти Ҷоми мусобиқот байни ҳам рақобат хоҳанд кард.
Дар маросими кушодашавии он, дар баробари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин сарони як қатор давлатҳо ва ҳукуматҳо, аз ҷумла Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Боливия, Лубнон, Панама, Парагвай, Руанда, Арабистони Саудӣ, иштирок карданд.
Рӯзи нахустин тимҳои мунтахаби Федератсияи Россия ва Арабистони Саудӣ байни ҳам қувваозмоӣ карданд.
Рақобати дастаҳои мунтахаби кишварҳои олам дар варзишгоҳҳои калони шаҳрҳои Москва, Санкт — Петербург, Сочи, Қазон, Волгоград, Самара, Ростови соҳили Дон, Нижний Новгород, Саранск, Калининград ва Екатеринбурги Федератсияи Россия сурат мегирад.
Мавриди зикр аст, ки бо талошу ташаббусҳои Пешвои миллат ва фаъолияти пурсамари Федератсияи футболи Тоҷикистон ин навъи варзиш дар мамлакат хусусияти оммавӣ касб намуда, рушд карда истодааст.
Соли 2014 бо пешниҳоди Федератсияи футболи Тоҷикистон ва дастгирии Пешвои миллат барои тарғиби тарзи ҳаёти солим дар кишвар соли 2014 — «Соли оммавияти футбол» эълон гардида, дар доираи он инфрасохтори ин навъи варзиш хеле тараққӣ кард.
Дар натиҷа, дастаҳои мунтахаби наврасону ҷавонони Тоҷикистон ба чемпионатҳои Осиё роҳхат гирифта, тими мунтахаби кишвар ва дастаҳои машҳури ҷумҳурӣ борҳо бо дастаҳои пурқуввати қитъаи Осиё қувваозмоӣ карда, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.
www.president.tj