Иштироки Пешвои миллат дар маросими ифтитоҳи Саммити чоруми оби кишварҳои минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором

№51 (4471) 26.04.2022

23 апрели соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Саммити чоруми оби кишварҳои минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором, ки дар шаҳри Кумамотои Ҷопон баргузор гардид, бо паёми видеоӣ суханронӣ намуданд.

Кори саммитро Сарвазири Ҷопон Фумио Кишида ифтитоҳ намуда, дар он, ҳамчунин, императори Ҷопон Наруҳито, роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳои Камбоҷа, Тувалу, Лаос, Ӯзбекистон, Бутан, Ветнам, Индонезия, Филиппин, Науру, Шри-Ланка, Қирғизистон, Туркманистон, Бангладеш, Таиланд, Ниуэ, Ҷазираҳои Маршал ва Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерреш ба таври ҳузурӣ, мус­тақим ва паёми видеоӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

www.president.tj