22-юми майи соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар маросими видоъ ва изҳори таъзия бинобар даргузашти фоҷиавии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайидиброҳим Раисӣ ба шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон ворид шуданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Теҳрон меҳмони олиқадр — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақом ва шахсони расмии Ҷумҳурии Исломии Эрон истиқбол гирифтанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Теҳрон дар маросими азои фавтидагони фоҷиа — Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайидиброҳим Раисӣ ва ҳамроҳонаш иштирок намуданд.
Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муовини аввали Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Муҳаммад Мухбир, мардуми дӯсту бародари Эрон ва наздикону пайвандони шаҳидшудагон ҳамдардии амиқ баён намуданд.
Зимни изҳори ҳамдардӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нақши арзишманди шодравон Сайидиброҳим Раисӣ дар густаришу таъмиқи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ёдовар шуданд.
Хотиррасон менамоем, ки рӯзи 19 май Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон шодравон Сайидиброҳим Раисӣ ва ҳайати ҳамроҳаш бар асари суқути чархбол ба таври фоҷиавӣ ба ҳалокат расиданд.
Зимни суҳбати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муовини аввали Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Муҳаммад Мухбир, ҳамчунин, алоқамандии ҳар ду ҷониб ба идомаи босубот ва густариши минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Эрон таъкид гардид.