Иштироки Пешвои Миллат дар панҷумин Иҷлосияи махсуси СММ оид ба об ва офатҳои табиӣ

№85-86 (4347-4348) 30.06.2021

51269098317_86ba9fe851_o25 июни соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар панҷумин Иҷлосияи махсуси Созмони Милали Муттаҳид оид ба об ва офатҳои табиӣ, ки аз тариқи фосилавӣ баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар он Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш, Президенти Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид Волкан Бозкир, Императори Ҷопон Наруҳито, Президенти Маҷористон Янош Адер, Президенти Ҷумҳурии Кооперативии Гайана Муҳаммад Ирфан Алӣ, Сарвазири Ҷумҳурии Мардумии Бангладеш хонум Шайх Ҳасина ва роҳбарони бархе аз кишварҳо ва созмонҳои ҷаҳонӣ ширкат варзиданд.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суханронӣ баргузории Иҷлосияи махсуси Созмони Милали Муттаҳид оид ба об ва офатҳои табииро иқдоми саривақтӣ маънидод карданд. Баррасии мавзӯи чорабинӣ, бо дарназардошти афзоиши таҳдидҳои замони муосир, бахусус, пайомадҳои пандемияи COVID — 19, ки дар аксар кишварҳо то ҳол идома дорад, хеле муҳим арзёбӣ шуд.

Сарвари давлат зимни суханронӣ бештар ба вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳон, таҳдиду хатарҳои нав, тағйирёбии иқлим ва зуҳуроти табиии гидрометеорологӣ, сел, обхезӣ, тармафароӣ, хушксолӣ ва таъсири онҳо ба иқтисоди кишварҳо, бахусус Тоҷикистон, таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

Ҳамчунин, оид ба аҳамияту афзалияти Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2030», «Созишномаи Париж оид ба иқлим» ва «Барномаи Сендай оид ба коҳиши хавфи офатҳо» ибрози назар карда, бори дигар таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро барои муттаҳид сохтани талошҳои муштарак дар ҳалли глобалии мушкилоти сайёра ҷалб намуданд.

Дар охир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки талошҳои муштараки ҷонибҳои манфиатдор, хусусан, ёрии давлатҳои мутараққӣ ба кишварҳои дар ҳоли рушд қарордошта, метавонад ба ҳаллу фасли самараноки мушкилоти об ва офатҳои табиӣ мусоидат намоянд.

www.president.tj