27 январи соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии аввалини нишасти сарони кишварҳои «Осиёи Марказӣ — Ҳиндустон», ки дар шакли маҷозӣ баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд.
Дар он, ки таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон муҳтарам Нарендра Модӣ сурат гирифт, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим — Жомарт Тоқаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев низ ширкат варзиданд.
Саммити «Осиёи Марказӣ — Ҳиндустон» бахшида ба 30 — солагии истиқрори робитаҳои дипломатӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон барпо гардида, иштирокчиён дар робита ба раванди ҷории муносибатҳои ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон ва дурнамои рушди минбаъда табодули афкор намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сатҳи кунунии муносибатҳои дӯстӣ ва эътимоди байниҳамдигарии сиёсӣ, раванди рушди рӯзафзуни ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, фарҳангу амниятро миёни ҳар ду кишвар маҳсули ин давра номида, ҳамчунин, таъкид намуданд, ки Ҳиндустон ба шарики муҳими минтақа мубаддал гардидааст ва Тоҷикистон ба ояндаи муносибатҳои гуногунҷанба бо он назари нек дорад.
Дар робита ба ин, Пешвои миллат мавқеи кишварро дар ростои самтҳои ояндадори ҳамкории миёни кишварҳои минтақа изҳор намуданд.
Нахуст авлавияти ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва мавҷудияти имкониятҳои фаровон дар ин ҷода таъкид гардида, ба раванди фаъоли таҳкими робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ тайи солҳои охир ва тамоюли рӯзафзуни иқтисодӣ, ки хусусияти хоси минтақа мебошад, низ ишора карда шуд.
Пешниҳод гардид, то дар доираи муколамаи «Осиёи Марказӣ — Ҳиндустон» барномаи тадбирҳои мушаххас ҷиҳати татбиқи босамари иқтидори тиҷоратии кишварҳои минтақа мавриди коркард қарор гирад.
Мавҷудияти имкониятҳои бузурги ҳамкорӣ дар самти сармоягузорӣ ҷиҳати татбиқи муштараки тарҳҳо дар бахшҳои саноат, энергетика, нақлиёт ва инфрасохтор, инчунин, дар соҳаи аграрӣ, зикр шуд.
Ҳамчунин, манфиатдор будани Тоҷикистон ҷиҳати таъсиси истеҳсолоти муштарак дар соҳаҳои саноати хӯрокворӣ ва сабук, бахусус дар самтҳои нассоҷӣ, кимиё, тиб, доруворӣ, коркарди сангҳои қиматбаҳо ва нимақиматбаҳо таъкид гардид.
Сарвари давлат таъкид карданд, ки ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика барои рушди устувори иқтисодӣ аҳамияти калон дошта, Тоҷикистон ба роҳандозӣ ва таҳкими ҳамкориҳо ҷиҳати тавсеаи иқтидорҳои коркарди «энергияи сабз» ба манбаъҳои таҷдидшаванда таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд.
Зимнан, густариши робитаҳои нақлиётиву коммуникатсионӣ омили муҳими таҳкими ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни кишварҳои минтақа ва Ҳиндустон дониста шуд. Дар ин раванд алоқамандии ҷониби Тоҷикистон ба рушди шоҳроҳи нақлиётӣ дар масири Мумбай – Чобаҳор – Осиёи Марказӣ мавриди таъйид қарор гирифт.
Пешвои миллат ибрози ақида карданд, ки аҳамияти рӯзафзуни таъмини амнияти озуқаворӣ зарурати ҳамкории фаъолро дар бахши аграрӣ тақозо менамояд. Вобаста ба ин раванди афзоишёбандаи таъсири манфии оқибатҳои тағйирёбии иқлим ба иқтисоди кишварҳо дар маҷмӯъ ва аз ҷумла ба бахши аграрии он, қайд гардид.
Дар ин зимн, Президенти кишвар фаъолияти амалии ҳамоҳангшударо миёни кишварҳои минтақа ва Ҳиндустон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва гуногунии биологӣ дар қатори самтҳои авлавиятноки ҳамкорӣ қарор доданд.
Ҳамин тартиб, таҳкими минбаъдаи робитаҳои фарҳангиву башарӣ аз самтҳои дигари ҳамкориҳо дониста шуд. Илова бар ин, ҷонибдории кишвар аз тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаҳои маориф, сайёҳӣ ва тандурустӣ изҳор гардид.
Бо дарназардошти имкониятҳои ҷонибҳо, идомаи ҳамкориҳо дар арсаи муқовимат ба ҳамагири коронавирус ва рафъи оқибатҳои он, тавсеаи имкониятҳои истеҳсоли муштараки маҳсулоти тиббӣ, бахусус доруворӣ, дар қатори самтҳои муҳими муносибатҳои ҷонибҳо номбар гардид.
Дар соҳаи амният, бо дарназардошти шароити мураккаби байналмилалӣ, муқовимат ба терроризм ва ҳама шакли тундгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аз вазифаҳои аввалиндараҷа дониста шуд. Дар робита ба ин, таваҷҷуҳи иштирокдорони нишаст ба вазъи печидаи Афғонистон ва ҷонибдорӣ аз даъвати Созмони Милали Муттаҳид ба зарурати расонидани кумакҳои башарӣ ба мардуми азияткашидаи Афғонистон ҷалб карда шуд.
Дар интиҳо Пешвои миллат, зимни ёдоварӣ аз таҷрибаи ҳамкориҳои бисёрҷонибаи созандаи кишварҳои минтақа, бахусус дар доираи СММ, СҲШ, МҲТБО, муҳим будани рушди минбаъдаи ҳамкории кишварҳои минтақаро дар чорчӯбаи «Осиёи Марказӣ — Ҳиндустон» таъкид карданд.
Сарони кишварҳо дар хотимаи нишаст аз натиҷаи он эъломияи муштарак қабул намуданд.