Иштироки Пешвои миллат дар тантанаҳои ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ

№32 - 33 (3982 - 3983) 28.03.2019

47444828471_237f903590_o22 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои бошукӯҳи идонаи Наврӯзи ҷаҳонӣ, ки дар «Наврӯзгоҳ» — и пойтахт баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамватанон, сокинони пойтахт ва меҳмононро бо иди бошукӯҳи Наврӯзи байналмилалӣ, ҷашни эҳёи табиат, ибтидои пешомадҳои нав, оғози ниятҳои баҳорӣ ва нақшаву тадбирҳои тоза табрику таҳният гуфтанд. Таъкид гардид, ки мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони пойтахти кишвар — шаҳри Душанбе, бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи комил, оини бостонии милливу мардумӣ ва Соли нави аҷдодӣ — Наврӯзи оламафрӯзро бо хурсандиву хушҳолии зиёд таҷлил менамоянд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки таърихи ҷашни Наврӯз, ки аз қаъри ҳазорсолаҳо сарчашма мегирад, бо сарнавишти пурпечутоб, вале пурифтихору ибратомӯзи халқи тоҷик робитаи ногусастанӣ дорад. Мардуми фарҳангсолори мо ин ҷашни бостониро аз гузаштагон ба мерос гирифта, онро дар суннату анъанаҳо, ҳунарҳои мардумӣ ва адабиёти хаттиву шифоҳӣ бисёр васеъ ва шоиста инъикос кардаанд.

Наврӯз на танҳо оғози кори марди деҳқон, балки шурӯъ гардидани ҳама гуна ташаббусҳои созанда ба хотири боз ҳам ободу пешрафта гардонидани сарзамини аҷдодӣ, тозаву озода намудани манзили зист, сарсабзу гулпӯш кардани хиёбону майдонҳо дар кишвар, аз ҷумла пойтахти он, мебошад. Бинобар ин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки амалҳои созанда вусъати бештар касб мекунанд ва то 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон шаҳри Душанбе тавассути бунёди садҳо иншооти нав боз ҳам обод гардида, дар он барои сокинон ва сайёҳону меҳмонони пойтахт шароити муосири зиндагӣ ва истироҳату фароғат фароҳам оварда мешавад.

Дар охири суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар мардуми кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиро бо фарорасии Наврӯзи байналмилалӣ табрик карда, ба хонадони ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ файзу барор орзу намуданд.

Тантанаҳои Наврӯзи байналмилалӣ бо барномаи рангину пурмуҳтавои театрикунонидаи устодони санъат ва ҳаваскорон, ки таҷассумгари оинҳои хоси Наврӯзи байналмилалӣ буд, идома ёфт.

www.president.tj