Иштироки Пешвои миллат дар тантанаҳои идона

№109 (3746) 13.09.2017

36729847330_79dc8c6f2e_oШоми рӯзи нуҳуми сентябри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои бошукӯҳи идона ба ифтихори 26 — умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Варзишгоҳи марказии пойтахт баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд.

Баъд аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ барномаи муҳташами фарҳангии ҳунармандону ҳаваскорон ва донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ баргузор гардид.

Барномаи театрикунонидаи ҷашнӣ иборат аз суруду таронаҳо ва саҳнаҳои ҷолиби тараннумкунандаи арзишҳои волои миллӣ дар замони 26 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзури ҳозирин карда шуд, ки хеле ҷолибу диданӣ буд.

Мушакандозии бардавом анҷомбахши барномаи рангини консертӣ буд, ки хушу хотирмон сурат гирифт.

www.president.tj