28 декабри соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии ғайрирасмии сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия баргузор гардид, иштирок намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот сарони давлатҳо оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ дар доираи ИДМ мубодилаи афкор намуда, таҳкими минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанбаи давлатҳоро дар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, амниятӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
www.president.tj