Иштироки Пешвои миллат дар вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ

№102 (4364) 10.08.2021

51359804577_d1e70b70b8_oНимаи дуюми 5 августи соли 2021 дар шаҳри Турк­манбошӣ дар ҳошияи вохӯрии машваратии сарони давлатҳои ­Осиёи Марказӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов дар мавзеъҳои наздисоҳилӣ ва дар баҳри Ҳазар сайругашт карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо роҳбаладии Сарвари кишвари мизбон — Президенти Туркманистон аз имкониятҳои сайёҳии мавзеи Авазаи шаҳри Турк­манбошӣ, аз ҷумла, иншооти варзишӣ, минтақаҳои туристӣ ва тавассути киштӣ аз баҳри Ҳазар, боздид ба амал оварданд.

Шашуми августи соли 2021 дар шаҳри Туркманбошии Ҷумҳурии Туркманистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дар вохӯрии машваратии сарони давлатҳои ­Осиёи Марказӣ иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар ин чорабинӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қазоқис­тон Қосим — Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ширкат варзиданд.

Роҳбарони давлатҳо аҳамияти вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказиро таъкид намуда, маҷмӯи васеи масоили муб­рами ҳамкории минтақавӣ, аз ҷумла, дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ — гуманитарӣ ва масъалаҳои амнияти минтақавиро баррасӣ карданд.

Зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов барои пазироии самимӣ ва ташкили сатҳи баланди вохӯрӣ изҳори сипос намуданд.

Таъкид гардид, ки дар шароити кунунӣ бояд ба таҳияи чорабиниҳои нав ва муассири мусоидат ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои афзалиятнок диққати ҷиддӣ дода шавад. Барои ин Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои судмандро пешниҳод карда, зарурати боз ҳам вусъат додани ҳамкории тиҷоратию иқтисодиро дар соҳаҳои саноату энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия, тақвияти робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ, аз ҷумла дар бахшҳои сайёҳӣ, тандурустӣ, бахусус, таъмини некуаҳволии санитарию эпидемиологии аҳолӣ ва ҳамкории зичи сохторҳои амниятии кишварҳо дар муборизаи муштарак бар зидди хатару таҳдид­ҳои амниятиро таъкид намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки дар шароити кунунӣ, ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, зуҳуроти радикализм, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ андешидани чораҳои таъхирнопазирро тақозо мекунад.

Роҳбари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, бахшҳои гуногуни саноат, рушди инфрасохтори нақлиётию коммуникатсионӣ, истифодаи самараноки захираҳои обии минтақаро аз самтҳои муҳими ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ арзёбӣ карданд.

Инчунин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи сарони давлатҳои Осиёи Марказиро ба ҳалли масъалаҳои глобалии тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо, коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ ва таъсири пандемияи коронавирус ҷалб карданд.

Дар вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Президенти Ҷумҳурии Туркманис­тон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов бо Қарори муштараки сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ барои хизматҳои шоиста дар рушди муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ, таҳкими сулҳу амният дар минтақа, пешбурди манфиат ва ташаббусҳои муштараки кишварҳои минтақа дар арсаи байналмилалӣ нахустин мукофоти олӣ – «Нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ»-ро дар ­вазъияти тантанавӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим намуданд.

6 августи соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи мулоқоти машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Туркманбошии Туркманистон аз намоишгоҳи маҳсулоти саноатии кишварҳои Осиёи Марказӣ боздид ба амал оварданд.

Аз намоишгоҳ, инчунин, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим — Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов дидан карданд.

Баробари дигар кишварҳои ­Осиёи Марказӣ, Ҷумҳурии Тоҷикис­тон низ дар намоишгоҳ маҳсулоти истеҳсолии ширкатҳои ватаниро ба намоиш гузошт. Дар гӯшаи намоиши маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон 12 коргоҳу корхонаҳои ватанӣ, аз ҷумла, «Сиёма», «Зулол», «Ҷавонӣ», «КАТН», «Тоҷиккристал», «Талко», ҶДММ «Ғаюр», «Амирӣ», «Рухом» ва «Қолинҳои Қайроққум» маҳсулоти дӯзандагӣ, саноати сабук, заргарӣ, алюминӣ, қаннодӣ, обҳои рангаи ташнагишикан, фурӯзонакҳо, маҳсулоти рангуборкунӣ ва ороишӣ, ҳунарҳои дастӣ, кулолгарӣ, наққошӣ ва ғайраро муаррифӣ намуданд.

Ҳамчунин, дар намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикис­тон армуғонҳои гуногунро бо бренди сайёҳии «Тоҷикистон: дӯстиро эҳсос намо» муаррифӣ карданд.

Қобили зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои мавзеъҳои хоси сайёҳӣ буда, имкон дорад теъдоди сайёҳони дохилӣ ва хориҷиро ба маротиб афзун намояд. Ҳар сол ҳазорҳо нафар сайёҳ аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва зебоманзари он боздид ба амал меоранд.

Ҳангоми муаррифии гӯшаи намоишии Тоҷикистон сарони давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ба зарфият ва имкониятҳои рушди соҳаҳои саноат ва сайёҳӣ дар кишвар баҳои баланд доданд.

Дар шаҳри Туркманбошии Туркманистон, инчунин, Фес­тивали байналмилалии таомҳои миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид.

Аз ҷараёни он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим — Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов боздид ба амал оварданд.

Дар гӯшаи намоишии Тоҷикис­тон, ки бо диди нав оро ёфта буд, таомҳои миллӣ, маҳсулоти қаннодӣ, нонҳои гуногун, шириниҳо, маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили мевагиҳо, сабзавот, полезӣ, хушкмева, инчунин, асал ва 20 намуд гиёҳи шифобахш ба маъраз гузошта шуд. Аз ин рӯ, сарони давлатҳо ва дигар меҳмонону шираткунандагон ба он мароқ зоҳир карданд.

Инчунин, гӯшаи намоишии кишвар баёнгари он буд, ки Тоҷикистон сарзамини зархез, ватани обҳои ширину мусаффо, боғҳои серҳосил ва мардуми заҳматкашу меҳнатдӯст мебошад. Бинобар ин, аснои шиносоӣ сарони давлатҳо ба маҳорати баланди ошпазҳо ва ба маҳсулоти дастранҷи деҳқонони тоҷик баҳои баланд доданд.

Мавриди зикр аст, ки миллати тоҷик дар масири таърих бо расму оин, урфу одат ва таомҳои миллӣ шуҳратёр буда, то ҳол ин ҳамаро ҳифз намуда, ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд. Чунончи, пас аз соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи талош ва ташаббусҳои ҳамешагии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оши палав ба Рӯйхати мероси ғайримоддии фарҳангии ЮНЕСКО шомил гашт.

Ба сарони кишварҳо иттилоъ дода шуд, ки айни ҳол аз Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ, бахусус, мева ва хушкмеваҳо, ба кишварҳои гуногуни сайёра содирот карда мешаванд. Минбаъд соҳибкорони тоҷик метавонанд ба кишварҳои минтақа содироти маҳсулоти гуногуни кишоварзиро афзоиш дода, бо ин васила, бозори истеъмолиро ғанӣ гардонанд.

Ҳамчунин, аз рӯи натиҷаи вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ санадҳои дахлдор қабул гардид.

Бояд гуфт, ки сафари давлатии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Турк­манистон, иштирок дар вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Форуми иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ барои густариши ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ заминаи мусоидро фароҳам хоҳад овард.

www.president.tj