Иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай

№89 (4672) 05.07.2023

53021222662_c5c5832ae8_o4 июли соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки таҳти раёсати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар шакли видеоконфронс баргузор шуд, иштирок намуданд.

Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай масоили вобаста ба таҳкими минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанбаи судмандро дар доираи Созмон баррасӣ карда, оид ба масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор намуданд.

Зимни суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳаммияти пешбурди минбаъдаи ҳамкориро дар чорчӯби Созмон бар асоси амалҳои ҳамоҳангшуда ва усулҳои эҳтироми ҳамдигарӣ ва манфиатҳои муштарак таъкид карданд.

Президенти Тоҷикистон зикр карданд, ки таваҷҷуҳи афзояндаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Созмони ҳамкории Шанхай, ки  ҳампайвандии беназири тамаддунҳо ва фарҳангҳоро таҷассум менамояд, далели ҷолибияти  баланди он мебошад. Дар ин замина Пешвои миллат таҳияи консепсияи тавсеаи минбаъдаи Созмони ҳамкории Шанхайро барои давраи миёнамуҳлат пешниҳод карданд.

Сарвари давлати мо дар бахши амният аз таҳдидҳои афзояндаи терроризм, ифротгароӣ ва ҷудоихоҳӣ,  инчунин тамоюли афзоиши гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ дар қаламрави Созмони ҳамкории Шанхай ёдовар шуданд. Дар замина муҳимияти татбиқи босамари «Барномаи ҳамкорӣ дар самти мубориза бо терроризм, ҷудоихоҳӣ ва ифротгароӣ то соли 2024», ки соли 2021 дар шаҳри Душанбе қабул шуда буд, инчунин идомаи тадбирҳои  маҷмӯӣ оид ба такмили заминаи меъёрию ҳуқуқӣ, ки таъсиси сохтори алоҳидаи зиддимухаддиротии Созмонро дар пойтахти Тоҷикистон дар назар дорад, таъкид гардид.

53022290973_a34eaa5e41_oЗимни рӯзномаи иқтисодӣ Пешвои миллат ба истифодаи пурраи имконоти мавҷуда  ва бартариҳои рақобатӣ барои рушди давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай даъват ба амал оварданд. Таъкид гардид, ки ин вазифаҳо асоси Стратегияи рушди иқтисодии Созмони ҳамкории Шанхайро барои давраи то соли 2030, ки бо ибтикори Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, ташкил медиҳанд ва татбиқи он ба пешрафти стратегии Созмон бо таваҷҷуҳ ба рушди рӯзномаи «сабз» мусоидат хоҳад кард.

Дар мавриди ҳамкориҳои гуманитарӣ Президенти Тоҷикистон  муҳимияти ҳифз ва густариши мероси ғании фарҳангии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро таъкид намуданд.  Ба чорабиниҳое, ки аз ҷониби Ҳиндустон дар доираи лоиҳаи «Варанаси – пойтахти фарҳангии Созмони ҳамкории Шанхай» баргузор шуда буданд, баҳои баланд дода шу два пешниҳоди эълон кардани шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон ҳамчун пойтахти сайёҳӣ ва фарҳангии Созмони ҳамкории Шанхай барои давраи оянда мавриди ҷонибдорӣ қарор гирифт.

 Аз рӯи натиҷаҳои саммит сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ намуда, бо қарори дахлдор Стратегияи рушди иқтисодии Созмони ҳамкории Шанхай барои давраи то соли 2030-ро тасдиқ карданд.

Дар чаҳорчӯби ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳо ба таври умум 11 қарору санад қабул шуд, ки муҳимтарини онҳо Эъломияи Деҳлии Нав, инчунин қарорҳо дар бораи додани мақоми давлати аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Эрон ва имзои Ёддошти тафоҳум оид ба ӯҳдадориҳои Беларус дар мавуриди гирифтани мақоми аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мебошанд. Сарони давлатҳо ҳамчунин ду изҳорот, аз ҷумла, дар бораи мубориза бо зуҳуроти тундгароӣ, ки боиси терроризм, ҷудоихоҳӣ ва ифротгароӣ  мегардад, инчунин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳаввулоти рақамиро қабул намуданд.

Дар саммит Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Содир Жапаров, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин, Сарвазири Покистон Шаҳбоз Шариф, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев, сарони давлатҳои нозири Созмони ҳамкории Шанхай — Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ ва Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурелсух, Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов ба ҳайси меҳмони мизбон, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш, Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Чжан Мин, директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай Руслан Мирзаев, инчунин роҳбарони як қатор созмонҳои байналмиллалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла АСЕАН, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё иштирок доштанд.

Мавриди зикр аст, ки раёсат дар Созмони ҳамкории Шанхай барои солҳои 2023-2024 ба Ҷумҳурии Қазоқистон мегузарад.

www.president.tj