Иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барномаи фарҳангӣ дар Боғи Фуронги шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин

№ 19.05.2023

52907975503_13d3c415e6_o18 майи соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи “Фуронг”-и шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин дар барномаи фарҳангии театрикунонидашуда, маросими оғози “Соли фарҳангу санъати Осиёи Марказӣ-Чин” ва ҷашнвораи фарҳангии ҷавонони Осиёи Марказӣ-Чин иштирок карданд.  

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар Сарони давлатҳои Осиёи Марказиро Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ва ҳамсараш, бонуи аввали Чин хонум Пэн Лиюан гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Пас аз маросими аксбардорӣ ба Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Чин барномаи рангини фарҳангии театрикунонидашуда ба муносибати оғози “Соли фарҳангу санъати Осиёи Марказӣ-Чин” ва ҷашнвораи фарҳангии ҷавонони Осиёи марказӣ-Чин намоиш дода шуд.