Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Конфронси оби СММ дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар маросими тақдими туҳфаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуданд.
Дар маросими тақдими туҳфаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Милали Муттаҳид муовини дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои стратегӣ, сиёсӣ ва назорат дар соҳаи идора, раиси комиссия оид ба фарҳанг Катрин Поллард иштирок намуданд.
Таъкид гардид, ки туҳфаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикоскунандаи нақши назаррас ва рамзи аҳаммияти санъат дар таҳкими сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ байни халқҳо мебошад.
Тоҷи кунгурадор бозёфти нотакрори таърихӣ буда, ба замони оғози ташаккулёбии халқи тоҷик — ибтидои давлатдории Кушониён рост меояд ва бо номи этникии “тоҷик” робитаи бевосита дорад. Реша ва асли калимаи “тоҷик” аз вожаи “тоҷ” ва маънояш тоҷдор, яъне давлатдор мебошад.
Ин нигора, ҳамчунин, таърихи қадим ва мероси ғанӣ доштани халқи тоҷикро, ки аз замонҳои қадим дар руҳияи сулҳу субот ва ба таври осоишта бо тамаддуну миллатҳои дигар дар руҳияи сулҳу субот ҳамзистӣ доштааст, муаррифӣ мекунад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суҳбат таъкид карданд, ки ин ҳадя, ҳамчунин, саъю талоши ҳамаҷониба ва дастгирии мардуми тоҷикро аз ҳадафҳо ва арзишҳои Созмони Милали Муттаҳид дар самти таҳкими муносибатҳои дӯстонаи байни кишварҳо дар заминаи эҳтироми усули баробарӣ ва худмуайянкунии халқҳо тавассути таърих, санъат ва маданият бозгӯӣ менамояд.
Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори умед карданд, ки давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид ва меҳмонони ин ниҳоди бонуфузи байналмилалӣ бо дидани нигора аз фарҳангу таърихи бостонии мардуми мо — тоҷикон ёдовар хоҳанд шуд.