Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 4 августи соли 2023 дар шаҳри Ашхобод дар Нишасти сарони давлатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Узбекистон ширкат варзиданд.
Сарони давлатҳо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Сердар Бердимухамедов ва Шавкат Мирзиёев масъалаҳои вобаста ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, энергетика, обу экология, нақлиёт ва дар дигар соҳаҳои мавриди манфиати муштаракро баррасӣ намуданд.
Пешвои миллат зимни суханронии худ рушди устувори муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судмандро бо Туркманистон ва Узбекистон ба сифати авлавияти сиёсати хориҷии Тоҷикистон таъкид намуданд. Дар ин робита зикр гардид, ки тавсеаи ҳамаҷонибаи минбаъдаи робитаҳои байнидавлатӣ ҷавобгӯи манофеи аслии мардумони се кишвар буда, ба пойдории сулҳу субот ва амният дар Осиёи Марказӣ мусоидат мекунад.
Сарвари давлати мо ҳамзамон таъкид намуданд, ки ба шарофати фазои мусоиди сиёсӣ, ки тайи солҳои охир ташаккул ёфтааст, дар паҳнои Осиёи Марказӣ раванди фаъоли тавсеаи робитаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ идома дорад, ки барои рушди устувори кишварҳо замина мегузорад.
Дар робита ба ҳамкориҳо дар соҳаҳои энергетика ва обу иқлим Пешвои миллат изҳор доштанд, ки Тоҷикистон, бо дарназардошти захираҳои бойи гидроэнергетикии худ, ҳадаф гузоштааст, то истеҳсоли “энергияи сабз”-ро рушд диҳад ва омода аст дар ин соҳа бо кишварҳои минтақа минбаъд низ ба таври фаъол ҳамкорӣ намояд. Зимни ҷалби таваҷҷуҳ ба тағйирёбии иқлим дар солҳои охир, Президенти Тоҷикистон ба аҳамияти ибтикороти ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ишора намуданд, ки барои манфиатҳои умум хизмат мекунанд ва аз пуштибонии ҷомеаи ҷаҳонӣ бархурдоранд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамзамон бо ин, ба истифодаи босамари иқтидори се кишвар дар бахши нақлиёт, ки метавонад минбаъд низ ба таъмини устувории иқтисодиёти миллӣ мусоидат кунад, даъват намуданд. Дар ин зимн Сарвари давлати мо аз ташаккули долонҳои тиҷоративу транзитии авлавиятнок дар самти Шарқу Ғарб ва Шимолу Ҷануби кишвари мо, ки дорои аҳамияти байналмилалӣ мебошанд, ёдовар шуданд.
Аз рӯи натиҷаҳои Нишаст Эъломияи муштараки Сарони давлатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Узбекистон қабул гардид.