Субҳи 27 сентябри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки ИМА дар чорабинии сатҳи баланд дар ҳошияи Саммити СММ оид ба мавзӯи «Ҳавасмандгардонии раванди татбиқи амалӣ ва дастёбӣ ба Ҳадафҳои Рушди Устувор дар соҳаи об», ки бо ибтикори Тоҷикистон ҷамъ омада буд, иштирок ва суханронӣ кард.
Дар ин ҳамоиши сатҳи баланд ҳамчунин Ян Элиассон – муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, генерал Прают Чан — Оча – Сарвазири Шоҳигарии Таиланд, Адам Золтан Ковач – муовини Котиби давлатии Вазорати корҳои хориҷӣ ва савдои Маҷористон оид ба ҳамкории байналмилалӣ, хонум Ҳелен Кларк – маъмури Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид иштирок ва суханронӣ намуданд.
Роҳбари маъмурияти Барномаи Рушди СММ хонум Ҳелен Кларк, чорабинии сатҳи баландро бо сухани муқаддимавӣ оғоз намуда, аз ҷумла чунин иброз дошт: «Шумо, Ҷаноби Президент Эмомалӣ Раҳмон, яке аз пешсафон ва асосгузорони баррасии масоили оид ба об дар сатҳи байналмилалӣ мебошед ва ташаббусҳои Тоҷикистон барои пешрафти сиёсати оби Созмони Милали Муттаҳид дар Барномаи Ҳадафҳои Рушди Устувор дар соҳаи об то соли 2030» нақши калидӣ дорад. Ширкати доираҳои воломақоми давлатӣ, соҳавӣ ва байналмилалӣ дар ин нишасти бонуфуз нишонаи равшани ин иқдом аст».
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш ҳозиринро ба ифтихори чорабинии сатҳи баланд шодбош гуфта, барои ширкаташон дар мубоҳисаи судбахш оид ба мавзӯи басо муҳим – «Ҳавасмандгардонии раванди татбиқи амалӣ ва дастёбӣ ба Ҳадафҳои Рушди Устувор дар соҳаи об» арзи сипос намуд. ӯ инчунин барои ташкили ин нишаст ба роҳбари кумитаи Гурӯҳи «Дӯстони об» ва хоса ба намояндагиҳои доимии Финляндия, Таиланд, ҳамчунин ба Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид изҳори миннатдорӣ кард.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, ки дар ҷараёни амалисозии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» (солҳои 2005 — 2015) ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мавриди дастёбӣ ба ҳадафҳои дар сатҳи глобалӣ мувофиқашудаи соҳаи об, аз ҷумла дар роҳи расидан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола дар арсаи обу беҳдошт, ба пешрафти назаррас ноил гардид. «Мо чунин мешуморем, ки ҳамаи ин дастовардҳо ба шарофати қабул кардан ва амалӣ сохтани тарзу услуби нав ва талошҳои ҳамоҳангшуда дар сатҳҳои миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ имконпазир гардиданд», — иброз дошт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Тавре тазаккур дода шуд, ҳадафи асосии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» (солҳои 2005 — 2015), ки 23 декабри соли 2003 тавассути Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ибтикори Тоҷикистон эълон гардидааст, аз мусоидат ба саъю талош барои иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи захираҳои об ва беҳдошт то соли 2015 иборат аст. Дар ин раванд рушди ҳамкорӣ дар ҳамаи сатҳҳо дар маркази таваҷҷуҳ буд.
Эмомалӣ Раҳмон даҳсолаи сипаригашта дар бахши об ва берун аз онро замони дигаргуниҳои бузург ва огоҳиву иштироки бештари глобалии ҷомеаи шаҳрвандиро дар ин раванд комёбии бузург номида, минҷумла зикр намуд: «Дар чаҳорчӯбаи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» (солҳои 2005 — 2015) стратегияи дарозмуҳлат ва нақшаи амалиёт дар сатҳи глобалӣ ба тасвиб расид ва муҳимтар аз ҳама, раванди сиёсӣ роҳандозӣ гардид. Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» (солҳои 2005 — 2015) ҳамчунин ба беҳсозии амалҳои муштараки ҷонибҳои гуногуни манфиатдор дар миқёси сайёра мусоидат намуд. Он ба ҳамкорию ҳамдастии мақомоти ҳукуматӣ, ҷалб гардидани занон, ҷавонон, доираҳои соҳибкорию илмӣ ба баррасии масъалаҳои об низ такон дод. Ба ғайр аз ин, сохтору василаҳои марбутае таъсис ёфта буданд, ки фаъолияти онҳо дар ҷараёни Даҳсола ба такмилу таҳкими ҳамоҳангсозии байниидорӣ равона гардида буд».
Президенти мамлакат аз нақши Тоҷикистон, ҳамчун кишвари ташаббускори Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» (солҳои 2005 — 2015) ёдовар шуда, силсилаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Тоҷикистонро барои татбиқи босамари чорабиниҳои он дар сатҳҳои миллӣ, минтақавӣ ва глобалӣ номбар кард.
- Бо саъю кӯшиши Ҳукумати кишвари мо, — гуфт Эмомалӣ Раҳмон, – дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои дигари байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе чандин чорабиниҳои бузурги байналмилалӣ доир гардиданд. Дар ин самт, Сарвари давлат аз Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳамкории минтақавӣ дар ҳавзаи дарёҳои сарҳадгузар (соли 2005, ш. Душанбе), Конфронси байналмилалӣ оид ба кам кардани офатҳои табиии марбут ба об (соли 2008, ш. Душанбе), Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба шарҳи хулосавии миёнамуҳлати фарогири ҷараёни иҷрои Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» (солҳои 2005-2015) (соли 2010, ш. Душанбе), Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар арсаи об (соли 2013, ш. Душанбе), Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҷамъбасти раванди татбиқи амалии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» (солҳои 2005-2015) (соли 2014, ш. Душанбе) ёдовар шуд.
Илова бар ин, бо ибтикори Тоҷикистон ва тибқи қатъномаҳои марбутаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бахшида ба тафсири ҷараёни амалисозии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об - барои ҳаёт» ва ба ифтихори Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар арсаи об эълон шудани соли 2013 ва бистумин солгарди эълони Рӯзи байналмилалии захираҳои об дар чаҳорчӯбаи иҷлосияҳои 64-ум (соли 2010), 67-ум (соли 2013) ва 69-уми (соли 2015) Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид муколамаҳои интерактивии сатҳи баланд доир гашта буданд.
Бо вуҷуди пешрафти муассир дар ҷодаи амалисозии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» (солҳои 2005 — 2015) Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронии худ аз камбудиву мушкилоте, ки дар ҷараёни татбиқи амалии он ҷой доштанд ва дар паймудани ин роҳ монеаҳои муайян эҷод сохтанд, сухан ронда, иброз дошт, ки дар баробари комёбиҳои муҳим дар ҳалли масъалаҳои марбут ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола оид ба об, мақсаду матлабҳо дар самти беҳдошт ба иҷро нарасиданд. Ҳамзамон бо ин, ӯ аз натиҷаҳои гуногун дар татбиқи амалии ин ҳадафҳо дар сатҳи минтақаҳо, кишварҳои мутараққӣ ва рӯ ба рушд, шаҳрҳо ва деҳот, кишварҳои доро ва камбизоати аҳолӣ изҳори нигаронӣ кард.
Ба иттилои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, чун пештара, дар ҷаҳон тақрибан 750 миллион одамон ба оби тозаи ошомиданӣ ва дуюним миллиард одамон ба шароити асосии беҳдошт дастрасӣ надоранд. Тақрибан як миллиарду сесад миллион нафар аз барқ маҳруманд. Ба ҳисоби миёна ҳар сол офатҳои табиии марбут ба об ба андозаи зиёда аз 60 миллиард доллари амрикоӣ хисороти иқтисодӣ ворид сохта, хушксолӣ ва биёбоншавӣ манбаи воситаҳои зиндагии зиёда аз 1 миллиарду 200 миллион одамро дар тамоми ҷаҳон зери хавфу хатар қарор медиҳанд.
Маҳз ба ин хотир, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳоди худро, ки дар чаҳорчӯбаи Форуми ҳафтуми умумиҷаҳонии об садо дода буд, бори дигар ба миён гузошта, изҳори итминон намуд, ки эълон намудани даҳсолаи нави байналмилалии «Об — баҳри рушди устувор» василаи муҳими дастёбӣ ба Ҳадафҳои Рушди Устувори марбут ба об хоҳад гашт.
Шубҳае нест, ки даҳсолаи нав пешрафти дар ҷараёни Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» (солҳои 2005 — 2015) бадастомадаро таҳкиму тавсеа бахшида, барои муттаҳид намудани талошҳои мо оид ба ҳалли масъалаҳои об дар давраи баъд аз соли 2015 заминаи боэътимод мегузорад.
Вобаста ба ин, Эмомалӣ Раҳмон ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба эъломи Даҳсолаи байналмилалии нав асосноку саривақтӣ дониста, аз давлатҳои аъзо даъват кард, ки ин ташаббусро дастгирӣ намоянд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар фароварди суханронӣ чунин гуфт: «Фикр мекунам, ки фароҳам сохтани ҳаёти шоистаи наслҳои ояндаи мо танҳо аз тариқи андешидани тадбирҳои муштарак имконпазир аст. Аз ин рӯ, ҷонибдории ҳамаҷонибаи ибтикороти мавҷуда барои мусоидат ба иҷрои уҳдадориҳо оид ба об дар сатҳҳои миллӣ, минтақавӣ ва глобалӣ, ҳамчунин ҳамоҳангсозии марбутаи фаъолияти мо дар ин масир аҳамияти аввалиндараҷа дорад».
Муовини якуми Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Ян Элиассон зимни суханронии худ ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат карда, гуфт: «Ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, бо хушнудӣ барои ташкили чунин як чорабинии сатҳи баланд бо иштироки сарони кишварҳои аъзо арзи сипос менамоям, зеро масоили об аз ҷумлаи масъалаҳои асосии ҷаҳон аст. Об ин асоси ҳаёти инсон аст ва ман ба Шумо барои иқдоми нав доир ба эълони Даҳсолаи нави байналмилалии «Об барои рушди устувор» бори дигар ташаккур мегӯям».