21 марти соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид — 2023 дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар чорабинии канории корӣ зери унвони “Об моро муттаҳид месозад” иштирок ва суханронӣ карданд.
Дар чорабинӣ ҳамчунин, Подшоҳи Нидерланд, Президенти Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, Президенти Ироқ, Президенти Ботсвана, Президенти Либерия, Президенти Словения, Сарвазири Тувалу, Сарвазири Намибия, Сарвазири Мали, инчунин роҳбарони ҳайатҳои расмии кишварҳои аъзои СММ ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ иштирок намуданд.
Намояндаи Дафтари СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Лотта Таҳтинен чорабиниро оғоз карда, суханро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамраиси Конфронси оби СММ, Подшоҳи Нидерланд муҳтарам Виллем Александр дод.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ изҳор доштанд, ки имрӯз масъалаи муттаҳидсозии ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳалли масъалаҳои марбут ба об аҳаммияти дучанд касб кардааст.
Об ҳамчун манбаи асосии ҳаёт бо таъсири тағйирёбии иқлим, афзоиши босуръати аҳолӣ, васеъшавии шаҳрҳо ва дигар омилҳои ба он таъсиррасон зери фишори амиқ қарор дорад.
Барои тағйир додани ин тамоюл андешидани тадбирҳои таъхирнопазир дар ҳамаи сатҳҳо зарур мебошад.
Таъкид гардид, ки маҳз ба ҳамин хотир, Тоҷикистон тайи ду даҳсолаи охир масъалаҳои марбут ба об ва иқлимро бомаром пеш бурда, дар рӯзномаи ҷаҳонии рушд нақши муассир бозида истодааст.
Ҳамкорӣ дар соҳаи об тайи даҳсолаҳои охир боиси он гардид, ки кишварҳои аз лиҳози ҷуғрофӣ, рушди иқтисодӣ ва фарҳангу забон гуногун ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои марбут ба об кӯшишҳои муштарак ба харҷ диҳанд.
Бояд гуфт, ки Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд дар як муддати нисбатан кӯтоҳ барои пешбурди масъалаҳои вобаста ба обу иқлим корҳои зиёдеро анҷом доданд.
Сарвари давлат изҳор доштанд, ки мо ин шарикиро ҳамчун намунаи ҳамкориву ҳамдилӣ, хусусан миёни кишварҳои мутараққӣ ва рӯ ба тараққӣ, болооб ва поёноб арзёбӣ мекунем.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати Подшоҳии Нидерланд барои ҳамкории судманд дар ин раванд изҳори миннатдорӣ карданд.
Дар охир Сарвари давлат бо итминон изҳор доштанд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар пешбурди мавзӯи ҷаҳонии об тавассути ҳамкорӣ ва дастгирии ҳамдигар бо истифода аз механизмҳои мавҷуда ҷиҳати ҳалли мушкилоти об дар ҳама кишварҳо талошҳои муштарак ба харҷ хоҳад дод.