Иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА)

№146 (4729) 27.11.2023

53352593706_27228f3b98_k24 ноябр дар шаҳри Боку – пойтахти Ҷумҳурии Озарбойҷон Саммити Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) баргузор гардид.

Дар кори Саммити мазкур Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар оғози суханронӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев барои дар сатҳи баланд доир намудани Саммит ва меҳмоннавозии гарм ибрози миннатдорӣ намуда, ҳамзамон Озарбойҷони бародарро бо мизбонии бомуваффақона дар СПЕКА муборакбод гуфтанд.

Роҳбари давлат таъкид карданд, ки Тоҷикистон ба таҳкими ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судманд дар чаҳорчӯби СПЕКА аҳамияти хоса медиҳад.

Дар робита ба ин қайд гардид, ки тақрибан 30 фоизи гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои узви СПЕКА рост меояд.

Бештари кишварҳои иштирокчии СПЕКА дар миёни шарикони тиҷоративу иқтисодии ҷумҳурӣ мавқеи пешсафро ишғол намуда, гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо кишварҳои СПЕКА дар соли гузашта 24 дарсад афзоиш ёфтааст.

Қайд гардид, ки кишварҳои узви СПЕКА дорои захираҳои бузурги меҳнатӣ, табиӣ ва имкониятҳои фарохи энергетикӣ, нақлиётӣ ва коммуникатсионӣ мебошанд.

Сарвари давлат аз таъсиси Фонди трастии СПЕКА пазироӣ намуда, пешниҳод карданд, ки дар солҳои оянда ба чунин самтҳои афзалиятнок, аз қабили содагардонии расмиёти савдо ва бартараф намудани монеаҳои сунъӣ, тавсеаи долонҳои гуногунвасилаи нақлиётию иқтисодӣ, рушди иқтисодиёти сабз ва рақамикунонӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад.

Дар робита ба ин, Тоҷикистон масъалаи таъсиси Котиботи СПЕКА-ро ҷонибдорӣ мекунад.

Зикр гардид, ки тайи солҳои охир дар Тоҷикистон ҷиҳати содагардонии расмиёти савдо як қатор ислоҳоти назаррас амалӣ карда шуд.

Имрӯз дар Портал савдои Тоҷикистон ним миллион истифодабаранда аз беш аз 100 кишвари ҷаҳон сабти ном шудаанд, ки аҳамияти онро бори дигар тасдиқ мекунад.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи энергияи сабз ва умуман иқтисоди сабз ба дастовардҳои хуб ноил шудааст.

Айни замон, 98 фоизи неруи барқи кишвар дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мегардад ва Тоҷикистон аз ҷиҳати энергияи сабз дар ҷаҳон ҷои шашумро ишғол мекунад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чаҳорчӯби Стратегияи рушди иқтисоди сабз барои солҳои 2023-2037 ният дорад иқтидори энергияи сабзро ба 10 ҳазор мегаватт расонад.

Бо назардошти ин, Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки СПЕКА ҷиҳати таъмини рушди иқтисодӣ, ҳамгироии минтақавӣ, пешгирии таъсири манфии тағйирёбии иқлим ба бахшҳои иқтисоди миллӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ба рушди энергияи сабз таваҷҷуҳи хосса зоҳир намояд.

Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарори Ҳукуматро дар бораи раёсати Тоҷикистон дар СПЕКА дар соли 2024 иттилоъ доданд. Дар доираи Консепсияи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи татбиқи он, афзалиятҳо ба таҳкими натиҷаҳои мавҷуда ва таъмини дастовардҳои нав равона карда мешаванд.

Баъди анҷоми нишаст сарони давлатҳои иштирокчиёни СПЕКА Эъломияи Бокуро қабул карданд.