Иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

№149 (4569) 02.12.2022

52533215561_668d67fe8c_o30 ноябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар маҷлис аъзои Раёсат ва Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, роҳбарони як қатор сохтору идораҳои дахлдор, кормандони масъули Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб, роҳбарони кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, намояндагони васоити ахбори оммаи ҳизбӣ ва аъзои фаъоли ҲХДТ ширкат варзиданд.

Дар маҷлис ҷараёни иҷрои қарорҳои анҷуманҳои 13 ва 14-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва вазифаҳои ташкилотҳои ҳизбӣ дар марҳалаи минбаъда мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба ҳайати аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказӣ тағйирот ворид карда шуд.

Зимни суханронӣ Раиси муаззами ҳизб таъкид намуданд, ки имрӯзҳо мо дар шароити мураккаб қарор дорем. Бархӯрди манфиатҳои абарқудратҳо барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон ва дастёбӣ ба захираҳои табиӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, оғози марҳалаи нави «ҷанги сард», шиддат гирифтани муборизаҳои иттилоотӣ ва ҷиноятҳои киберӣ, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои вобаста ба он, паҳншавии бемории сироятӣ ва мушкилоти дигар зиндагии сокинони сайёраро ба давраи сангинтарин дар таърихи қариб садсолаи инсоният рӯ ба рӯ кардаанд.

Раиси муаззами ҳизб иброз доштанд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии сокинони Тоҷикистон нақши муассир дошта, дар ташаккули фарҳанги сиёсӣ ва худшиносиву худогоҳии мардум нақши сазовор мегузорад. Вазифаҳои асосии ҳизби мо дар марҳалаи нави рушди ҷомеа ва давлат дар барномаҳои пешазинтихоботии он, қарорҳои анҷуманҳои сездаҳум ва чордаҳум, ки самтҳои муҳимтарини рушди мамлакатро то соли 2027 дар бар мегиранд, мушаххас гардидаанд.

Ба таъкиди Раиси ҳизб, рисолат ва мазмуну моҳияти барномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон рушди устувори Тоҷикистони соҳибистиқлол, ободу пешрафта ва аз лиҳози сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ босубот мебошад. Ишора шуд, ки кумитаҳои иҷроияи ҳизб якҷо бо сохторҳои ваколатдори соҳаҳои гуногун ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва зина ба зина беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиро дар маркази диққат қарор медиҳанд, дар таъсиси инфрасохтори иҷтимоӣ, беҳсозии вазъи муассисаҳои таълимӣ, беҳтар гардонидани шароити оилаҳои серфарзанд, ҷудо намудани кумакҳои иловагӣ ба ятимону маъюбон ва дигар гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа мусоидат менамоянд.

Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таъкид гардид, ки бо мақсади боз ҳам густариш бахшидани корҳо аъзои Фраксияи ҳизбро дар Парлумони мамлакат зарур аст ҳамкориро бо кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо тақвият бахшида, тамоми донишу малака ва маҳорату таҷрибаи худро ба хотири амалӣ намудани барномаҳои ҳизб ва татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 равона намоянд.

Иттилоъ дода шуд, ки имрӯз шумораи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ 6577 ва аъзои ҳизб 517 ҳазору 388 нафарро ташкил медиҳад.

Дар идомаи маҷлис аз ҷониби Раиси муаззами ҳизб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти сохторҳои ҳизбӣ барои давраи сипаришуда ва вазифаҳо барои соли оянда мушаххас гардиданд.

Ба кумитаҳои иҷроияи ҳизб дастур дода шуд, ки вобаста ба масъалаҳои дохилиҳизбӣ, махсусан, татбиқи низомномаҳо, талаботи оинномаву барномаҳо, қабули сифатноки аъзои ҳизб, сари вақт баргузор намудани маҷлисҳои кумитаҳои иҷроия ва ташкилотҳои ибтидоӣ, иштироки фаъолона дар маъракаҳои сиёсӣ, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи ҳизбӣ ба тариқи озмун, риояи Одобномаи корманди ҳизб ва беҳбуд бахшидани шароити корӣ чораҷӯӣ намоянд.

Ҳамзамон, ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар маҳалҳо ва ташкилотҳои ибтидоӣ вазифадор гардиданд, ки корҳои таблиғотиву ташвиқотиро дар самти амалигардонии ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вусъат бахшида, мардуми кишварро барои истиқболи арзандаи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сафарбар намоянд ва худашон дар ин самт ташаббускору фаъол бошанд.

Баъд аз суханронии Раиси муаззами ҳизб, Зунайда Раҷабова – Раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон; Мадина Раҷабова – омӯзгори Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Лахш; Саидбек Мирзомуддинов – роҳбари қабулгоҳи ҷамъиятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия; Маҳмадисо Қурбонов – роҳбари хоҷагии деҳқонии «Имоми Аъзам»-и ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон ва Исроилхӯҷа Самандаров – директори генералии Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Фаровон-1»-и шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд дар музокира баромад намуданд.

Аз рӯйи ин масъала қарори маҷлис қабул карда шуд.

Ҳамин тариқ, дигар масъалаҳои рӯзномаи маҷлис, аз ҷумла ворид намудани тағйирот ба ҳайати аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб аз ҷониби аъзои КИМ ҲХДТ баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул шуданд.

Дар идомаи маҷлис масъалаҳои кадрӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш Бахтиёр Ҳамдамов аз вазифаи сармуҳаррири нашрияи марказии ҲХДТ «Минбари халқ» озод шуда, Рауфзода Суҳроб Холмурод ба вазифаи сармуҳаррири рӯзнома интихоб гардид.

Дар ҷамъбасти кори Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки ҳар як узви ҳизб барои татбиқи вазифаҳои стратегии давлату Ҳукумат, такмил додани низоми қонунгузорӣ, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, вусъат додани ғояҳои созандаи ватандӯстона ва тақвият бахшидани худшиносӣ ва худогоҳӣ саҳми босазои худро мегузоранд ва ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки узви Ҳизби Халқии Демократӣ будан ҳам ифтихору шараф ва ҳам масъулияти бузург дар назди халқу Ватан ва сарнавишти ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёди Тоҷикистони соҳибистиқлоли мост.