Иштироки Сарвари давлат дар интихобот

№28 - 29 (4134 - 4135) 03.03.2020

49602540648_fa5000d5c1_oСубҳи 1-уми марти соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ба участкаи интихоботии №15, ҳавзаи интихоботии Исмоили Сомонӣ, №2-и шаҳри Душанбе ташриф оварданд.

Дар он, ки 1260 интихобкунанда ба қайд гирифта шудааст, 119 нафар бори аввал овоз доданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асоси талаботи қонунгузории мамлакат дар ҳузури мушоҳидони сершумори байналмилалӣ, намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ ва воситаҳои ахбори оммаи дохиливу хориҷӣ ба ҷонибдории номзад ва ҳизби сиёсии арзанда ба хотири пешрафту шукуфоии боз ҳам афзуни Тоҷикистони соҳибистиқлол овоз доданд.

Дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ сокинони маҳаллаи ба номи Маҳмадулло Холови ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, ки участкаи интихоботии №15 дар он ҷойгир аст, чун дигар сокинони мамлакат, бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва ифтихор аз давлату давлатдорӣ иштирок намуда, овоз доданд.

www.president.tj