Дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон 9 июни соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якҷо бо сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Театри давлатии опера ва балети «Остона Опера» дар барномаи рангини консертӣ ва дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи байналмилалии «Остона ЭКСПО – 2017» иштирок карданд.
Дар расми тантанавии ифтитоҳи Намоишгоҳи байналмилалии «Остона ЭКСПО – 2017» роҳбарони 20 кишвари олам, намояндагони кишварҳои аъзои СҲШ ва дигар мамлакатҳои ҷаҳон иштирок карданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарони давлатҳои аъзои СҲШ, инчунин дигар намояндагони воломақоми кишварҳо бо технологияи наву муосир ва дигар дастовардҳо, ки ба маъраз гузошта шуда буд, шинос шуданд.
Маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи байналмилалии «Остона ЭКСПО -2017» ба рӯзҳои баргузории ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои СҲШ рост омада, аз барномаи консертӣ, намоиши нурчароғ ва мушакпарронии бардавом иборат буд.
Хадаф аз баргузории Намоишгоҳи байналмилалии «Остона ЭКСПО -2017»-ро сарони давлатҳо фурсати мусоиди муаррифии дастовардҳо, имкониятҳои ҳамкорӣ, дарёфти шарикони боэътимод барои рушди равобити дуҷонибаю бисёрҷониба маънидод карданд.
Баъди иштирок дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи байналмилалӣ сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон ба охир расид.
Шоми 9 июни соли 2017 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Остонаи Қазоқистон ба Ватан баргаштанд.