Иштироки сарвари давлат дар нишасти пешвоёни эътилоф оид ба об ва иқлим

№69 (4489) 07.06.2022

4 июни соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Бӯстонсаройи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти сеюми пешвоёни Эътилоф оид ба об ва иқлим иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар он оид ба ҳалли масоили обу иқлим намояндагони баъзе аз кишварҳои олам ва коршиносони ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ иштирок намуданд.

Кори нишасти сеюми пешвоёни Эътилоф оид ба об ва иқлимро Петтери Таалас — Дабири кулли Ташкилоти ҷаҳонии обуҳавошиносӣ (WМO) ифтитоҳ карда, суханро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дод.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташаббускори тадбирҳои ҷаҳонӣ оид ба ҳалли мушкилоти марбут ба об, ҳамчун Роҳбари кишвари мизбон нахуст иштирокчиёнро ба Тоҷикистон хайра мақдам гуфта, ба кори ҳамоиш барор орзу карданд.

Зикр гардид, ки нишаст дар арафаи Конфронси дуюми оби Душанбе оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор», солҳои 2018 — 2028 баргузор шуда, ҳадафи асосиаш суръат бахшидан ва татбиқ намудани масъулияту уҳдадориҳои қаблан гирифташуда ва таҳрику татбиқи амалҳои нав мебошад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки аз рӯи таҳлилҳо, бо вуҷуди талошу кӯшиши зиёд, дар татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор, хусусан дар қисмати об, хеле ақиб мондаем, бинобар ин, масъулияту уҳдадорӣ ва амалҳои нав заруранд.

Сарвари давлат аз таваҷҷуҳи пешвоёни Эътилоф оид ба об ва иқлим ҷиҳати таҳия ва татбиқи амалҳои нав изҳори қаноатмандӣ карда, бо итминон иброз доштанд, ки татбиқи нақшаи амали ҳамоиш дар ҳалли мушкилоти обу иқлим натиҷаҳои назаррас хоҳад дод.

Таъкид гардид, ки Конфронси дуюми оби Душанбе низ, ҳамчун чорабинии калидии омодагӣ ба Конфронси соли 2023, ҳамбастагии зичи захираҳои об ва тағйирёбии иқлимро дар маркази таваҷҷуҳ қарор хоҳад дод.

Зимни таҳлили вазъи иқлим Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки борҳо ба обшавии босуръати пиряхҳо ва оқибатҳои ногувори ин раванд аз минбарҳои баланди ҳамоишҳои ҷаҳонӣ баромад кардаем. Ин масъала, дар ҳақиқат, хеле муҳим аст, чун пир­яхҳо сарчашмаи асосии обҳои ширин ба ҳисоб мераванду захираҳои онҳо зери таъсири гармшавии глобалӣ босуръат коҳиш ёфта истодаанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур шумурданд, ки ҳалли ин масъалаи доғи рӯз бояд дар меҳвари таваҷҷуҳи хоси ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дошта бошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳалли мушкилот дар ин самт бори дигар ташаббуси ­эълони соли 2025 — «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро ба миён гузоштанд.

Таъкид гардид, ки эълон шудани «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо», таъсиси «Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», ташкили «Шабакаи муттаҳидшудаи глобалии иттилоотии криосфера ва механизми байналмилалӣ», ки барои осон кардани дастрасии иттилооти дақиқ ва саривақтӣ оид ба криосфера мусоидат менамояд, аз натиҷаҳои назарраси татбиқи ташаббуси мазкур хоҳанд буд.

Таъкид шуд, ки захираҳои об барои мутобиқшавӣ нақши муҳим доранд. Онҳо, инчунин, барои коҳиш додан ва ноил гаштан ба устуворӣ алайҳи ин раванд муҳиманд. Дар ин зимн Сарвари давлат таваҷҷуҳи иштирокчиёни нишастро ба зарурати рушд бахшидан ба соҳаи гидроэнергетика, ҳамчун тавлидкунандаи «неруи сабз», ҷалб сохтанд.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нақши пешвоёни Эътилоф оид ба об ва иқлим дар пешбурди рӯзномаи ҳамгироишудаи ҳалли масъалаҳои обу иқлим баҳои баланд дода, бо боварӣ зикр карданд, ки Нақшаи амали пешвоён дар ин раванд саҳми муносиб хоҳад гузошт.

www.president.tj