4 марти соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар 14-умин саммити Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО), ки аз тариқи фосилавӣ баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд.
Зимни он, бо таҳлили вазъи ҳамкории тиҷоратӣ байни кишварҳои аъзои созмон ҳамчун омили рушди босуръати иқтисоди минтақавӣ, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки тиҷорат дар миёни кишварҳои аъзои ЭКО ҳашт фоизи ҳаҷми умумии савдои онҳоро ташкил дода, нокифоя аст.
Сарвари давлат сатҳи ҳамкории кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодиро дар соҳаҳои нақлиёт, коммуникатсия, энергетика, саноат, истихроҷу коркарди канданиҳои фоиданок, ҳифзи муҳити зист ва бахши аграрӣ таҳлил намуда, густариши робитаҳо ва татбиқи барномаву лоиҳаҳои муҳимро барои таъмини рушди устувор дар минтақа зарур шумурданд. Ҳамчунин, аз таъсиси Маркази энергияи тозаи ЭКО ҷонибдорӣ карда, татбиқи лоиҳаи сохтмони хатти баландшиддати интиқоли барқи «CASA-1000»-ро, ки нахустин пули энергетикӣ миёни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ хоҳад буд, иқдоми саривақтӣ арзёбӣ намуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки дар шароити феълӣ Дабирхонаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ бояд дар ҳамоҳангсозии талоши кишварҳои аъзо ҷиҳати ҳифзи амнияти озуқаворӣ, рафъи бекорӣ, камбизоатӣ ва дигар мушкилоти мушаххас дар паҳнои созмон, ки дар давраи пандемия шиддати нав пайдо намудаанд, ташаббускор бошад.
Дар робита ба тақвияти ҳамкории кишварҳои узви созмон дар соҳаи сайёҳӣ таъкид карда шуд, ки шаҳри Душанбе пойтахти сайёҳии ЭКО барои солҳои 2020-2021 эълон гардидааст ва дар идомаи тадбирҳо ҷиҳати рушди бахши сайёҳӣ моҳи майи соли равон дар шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии «Душанбе-пойтахти сайёҳии ЭКО» ва Форуми байналмилалии рушди агротуризм баргузор карда мешавад.
Вобаста ба масъалаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии Афғонистон ба ҳайси мавзӯи рӯзмарра дар доираи созмон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тасмими баргузории ҷаласаи сатҳи баланди Ҳамоиши «Қалби Осиё — раванди Истанбул» изҳори андеша карда, аз кишварҳои иштирокдори нишаст ҷиҳати ширкати фаъол дар кори он даъват ба амал оварданд.
Президенти мамлакат барои дастёбӣ ба ҳадафҳои созмон, ки дар санади стратегии «Диди ЭКО-2025» инъикос ёфтаанд, омодагии Тоҷикистонро изҳор доштанд.
Дар фарҷом Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раёсати сермаҳсули Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Саммити ЭКО-ро зикр карда, ба Ҷумҳурии Туркия дар фаъолияташ ба ҳайси раиси саммити чордаҳуми СҲИ барори кор орзу намуданд.
www.president.tj