Иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар хатнасур ва тӯйи арӯсии дастаҷамъонаи кӯдакону ҷавонон аз оилаҳои ниёзманди шаҳри Душанбе

№70-71 (3216-3217) 01.07.2014

IMG_0829

Бисту шашуми июни соли 2014 ба истиқболи Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон тӯйи арӯсии 90 ҷуфти ҷавон ва хатнасури 360 кӯдак аз оилаҳои ниёзманди шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Маросими бошукӯҳи арусӣ ва хатнасури дастаҷамъона ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллии Тоҷикистон дар бинои Душанбе-Плаза бо самимияти баланд ҷараён гирифт.

Нахуст Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон наздикони 360 писарчаи хатнашавандаро, ки қисмате ятиму бепарастор ва боқӣ аз оилаҳои ниёзманди ҳар чор ноҳияи пойтахт мебошанд, табрику таҳният гуфта, ба ҳар яки онҳо бозичаҳо ва туҳфаҳои дигари хотиравӣ тақдим намуд. Сарулибоси зебо ва зиёфати дастаҷамъонаи тӯёна бо базму тараби дилошӯб низ аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ омода гардида буд.

Тавре иттилоъ доданд, имсол аз бунёди шаҳри Душанбе 90 сол пур мешавад. Аз ин хотир, аз чор ноҳияи шаҳр 90 нафарӣ, ҷамъ хатнасури 360 кӯдак бо дастгирии давлатӣ ороста шуд. Навад ҷуфти навхонадорон ҳам, ки ҳамагӣ аз хонаводаҳои ниёзманд мебошанд, ба хотири ҳамин санаи фархунда ҷамъ оварда шуданд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҷавонони навхонадор ва наздикону пайвандони онҳоро бо ин рӯзи пурфараҳ, ки ба арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ рост омадааст, шодбош гуфта, ба барпо намудани оилаҳои солим, эҳтироми ҳамдигарӣ, муҳаббату самимият ва арҷгузорӣ ба арзишҳои волои хонаводагӣ ҳидоят намуд. «Оилаҳои устувор барпо намуда, оянда фарзандони солим ба дунё биёред ва барои таълиму тарбияи дурусти онҳо аз ҳозир омодагӣ дошта бошед!» — таъкид дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.

Ба ҳар як ҷуфти ҷавон ҳам аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон туҳфаҳои арзишманд супурда шуд.

Қисмати аввали ин маросими бошукӯҳ, ки бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, бо намоиши барномаи рангини ҳунарӣ ба поён расид.

Хурсандии ин кӯдакону ҷавонони хуштолеъ бо базми тӯёна дар дигар ҷой идома ёфт. Базми хатнасури дастаҷамъонаи 360 кӯдак дар яке аз толорҳои калони ҳамин бино баргузор гардид. Тӯйи 90 ҷуфти ҷавон бошад, дар чор тарабхонаи чор ноҳияи шаҳри Душанбе аз ҷониби масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ҳар ноҳия ба роҳ монда шуд.

www.president.tj