Ҳисоботи телефонӣ

№62 (3208) 12.06.2014

Субҳи рӯзи ёздаҳуми июни соли ҷорӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳисоботи раисони ноҳияҳои Панҷ, Қумсангир, Қубодиён, Шаҳритуз, Носири Хусрав, Ҷиликӯл, Ҷалолиддини Румӣ, Вахш ва Бохтарро доир ба ҷараёни ҷамъоварии ғалладона, меваю сабзавот ва содироти онҳо, инчунин вазъи иҷрои буҷети ноҳияҳои мазкур давоми панҷ моҳи соли ҷорӣ шуниданд.

Президенти мамлакат ба раисони ноҳияҳои зикршуда доир ба тезонидани суръати ҷамъоварии ҳосил, кишти такрорӣ ва истифодаи оқилонаи замин супоришҳои мушаххас доданд.

Ҳамзамон бо ин, Роҳбари давлат густариш бахшидани корҳои ободонӣ дар ноҳияҳои зикршуда, таъмиру таҷдиди роҳҳо ва беҳтар намудани вазъи муассисаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла мактабу беморхона ва бунгоҳҳои саломатиро таъкид намуданд.

www.president.tj